Вуруди донишҷӯёни тоҷик ба “рӯйхати сиёҳ” дар Русия
Барои ҳалли мушкили донишҷӯёни тоҷик, ки мақомоти Русия баъди таътили тобистона иҷозаи вурудашонро надодаанд, бо дастури Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия мулоқоти намояндагони сафорат бо масъулини Русия баргузор шудааст.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои ҳалли ин мушкил Садбарг Ғаниева, раиси Хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон бо Борис Железов, масъули Вазорати маорифи Русия ва Олег Артаманов, масъули Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия мулоқот намуда, аз зиёд шудани ҳолатҳои ихроҷи донишҷӯёни тоҷик хабар додааст. Ғаниева гуфтааст, одатан дар донишгоҳҳои Русия ҷавонони лаёқатманди Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва аз масъулини маорифи ин кишвар хостааст, то ҳал шудани масъалаи будубошашон донишҷӯёнро аз донишгоҳҳои Русия хориҷ накунанд.
Олег Артамонов, масъули Хадамоти муҳоҷирати Русия изҳор доштааст, ки чун ин донишҷӯён ба рӯйхати сиёҳ ворид шудаанд, ҳатман, ки ягон қонунвайронкуниеро содир кардаанд: “Аксаран донишҷӯёни хориҷӣ аз сафар баргашта, дар Русия аз қайди Хадамоти муҳоҷират намегузаранд.”
Бо вуҷуд мақомоти Русия ваъда додаанд, ки ба ин мушкили донишҷӯёни тоҷик расидагӣ хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |