Ҳимояти русзабонҳои Тоҷикистон аз номзадии Раҳмон
Алянси ақалиятҳои миллии Тоҷикистон, ки кореягӣ, тоторҳо, бошқирдҳо, немисҳо ва қазоқу қирғизҳоро дар бар мегирад, дар ҷаласаи ахири худ қарор кардааст, дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон ҳимоят кунад.
Виктор Ким, роҳбари Алянси мазкур, мегӯяд, аксари русзабонҳо қарор кардаанд, аз номзадии Раҳмон ҳимоят кунанд: “Ба ин қарор онҳо мехоҳанд, вазъи муътадили сиёсии дохили Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ нисбат ба динҳои дигар, муносибат бо забони русӣ ва муносибати Душанбею Маскав густариш ёбад.”
Теъдоди ақалиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 1 дарсади интихобкунандагони кишварро ташкил медиҳад. Виктор Ким дар суҳбат бо расонаҳои Русия дар шарҳи пуштибонӣ аз номзадии Раҳмон афзудааст, ки “ҳама,-рус, қазоқ, қирғиз, тотор ва дигарҳо дар нигоҳ доштани ба истиллоҳ “ҷаҳони русӣ” дар Тоҷикистон манфиатдоранд. Махсусан мактабҳои русӣ. Мо дар ин кишвар зиндагӣ мекунем ва наметавонем аз ин маъракаи муҳим дар канор бошем.” Ӯ афзудааст, бо оғози маъракаи таблиғотӣ ба таблиғи номзадии Раҳмон миёни миллатҳои дигари муқими Тоҷикистон оғоз хоҳанд кард.
Теъдоди ақалиятҳои миллӣ дар доираи Алянс ҳудуди 67 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, ки аз ҳама зиёдашонро тотору қирғизҳо ташкил медиҳанд. Русҳо тибқи омори соли 2010-ум дар Тоҷикистон 30 ҳазор нафарро ташкил додаанд, вале то ҳол ягон ҷамъияти махсуси худро надоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |