Иттиҳоми бисёрникоҳӣ алайҳи раиси дафтари ҲНИТ дар Қумсангир
Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар барномаи “Доми анкабут”, ки тариқи Шабакаи аввал (ТВТ) намоиш дода шуд, Маҳмадҷон Қурбонов -- раиси дафтари ҲНИТ дар Қумсангирро ба бисёрникоҳӣ муттаҳам карданд. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон бисёрникоҳӣ ё чандҳамсарӣ манъ аст.
Дар ин навор, ки шоми 27-уми сентябр пахш гардид, гуфта шуд, Қурбон Маҳмадҷонов гӯиё дар давоми як соли охир ба болои ҳамсараш ду занро ба никоҳи худ даровардааст. Яке аз ин занҳо, Зифнун Сайидғуфронова, сокини ноҳияи Қумсангир ва модари 11 фарзанд, дар “Доми анкабут” гуфт, Маҳмадҷонов ӯро аз ҳамсараш ҷудо намуда, дар никоҳи худ даровардааст. Ӯ мегӯяд, намедонад чӣ тавр ба никоҳи Маҳмадҷонов ворид шудааст, чун мафтуни садои ӯ буду дигар ҳеч чизро дар хотир надорад.
Ба гуфтаи ӯ, вақте фарзандонаш аз ин никоҳи ӯ огоҳ шудаву норозигӣ карданд, маҷбур шудааст, аз Маҳмадҷонов ҷудо шавад: “Ман хоҳиш менамоям, Қурбон Маҳмадҷоновро ҷазои сангин диҳанд, чун ӯ хонаи маро вайрон кард.” Зани дуюм, ки аз ӯ Гулчеҳра Қаршиева ном бурда шуд, мегӯяд, “Маҳмадҷонов худаш маро никоҳ карда, бо ман чанд муддат зиндагӣ кардааст. Бо ман дар як квартира ба сар мебурд, чанд бор хӯрокворӣ харида овард, гуфтам, ба ман обрӯ лозим аст, аз ин рӯ дигар чизе наор. Танҳо худат ою рав.”
Ба гуфтаи ин зан, Маҳмадҷонов ӯро бе огоҳӣ ба узвияти ҲНИТ даровардааст. Инчунин, дар навор корти ҳизбии хонум Қаршиева чанд бор гаштаву баргашта намоиш дода шуд, ки дар он имзои Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дида мешуд. Ин дар ҳолест, ки Бахши ноҳиявии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Қумсангир аз фишорҳои охир болои худ аз тарафи Шуъбаи умури дохилии ин минтақа хабар дода буд. Раёсати ин бахши ҲНИТ бо пахши як изҳорот, ки дар сомонаи расмии ин ҳизб шоми 26-уми сентябр нашр гардид, гуфтааст, рӯзҳои охир Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Қумсангир бо ҳар сабку услуб талош доштааст, шаъну шарафи бахши ноҳиявии Ҳизби наҳзат дар ин минтақа, бахусус раиси он Қурбон Маҳмадҷоновро паст занад. Бахши ноҳиявии ҲНИТ овозаҳо дар бораи Қурбон Маҳмадҷоновро беасосу туҳмат хонда, онҳоро амали тарҳрезишуда ном бурда буд.
Раёсати ин бахши ҲНИТ дар изҳороти худ аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир қотеона талаб карда буд, ки ба ингуна туҳмат ва барномаҳои тарҳрезишудааш хотима бахшад. Бар асоси ин изҳорот, раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир ният дорад, аз болои Шуъбаи корҳои дохилии ин минтақа ба додгоҳ шикоят барад.
Ин бори аввал нест, ки телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи аъзои ҲНИТ филмҳои вижаеро ба намоиш мегузоранд. Дар гузашта низ чандин филмномаҳоеро пешкаши бинандаҳо намуда буданд, ки дар бархе аз онҳо муттаҳамон ҳамчун узви ҲНИТ муаррифӣ мешуданд. Ахиран Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Шӯрои васоити ахбори омма ва Медиа-Алянс бо пахши як изҳорот аз чунин барномаҳои телевизионии шабакаҳои давлатии телевизиони кишвар ибрози нигаронӣ карда, гуфта буданд, ки кормандони эҷодии ТВТ-и давлатӣ «оинаи нилгун»-ро ба як минбари ташвиқу тарғиби фаҳшу фуҷур табдил додаанд. “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро низ сарфи назар намудаанд”,-таъкид карда буданд созмонҳо.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |