ВИДЕО: Таваҷҷуҳи дубораи тоҷикон ба филми “Бухоро”-и Темур Пӯлодов

Филми Темур Пӯлодов, нависандаи машҳури бухороӣ, дар бораи зисту зиндагонии тоҷикони Бухоро ду рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, дубора таваҷҷуҳи тамошобинони зиёди тоҷикро ба худ ҷалб намудааст.
Ин филм, ки иборат аз 5 қисмат ва бо номи “Тимур Пулатов - Бухара” дар портали YouTube ба намоиш гузошта шудааст, бештар дар бораи фарҳанг, таърих ва зиндагонии дирӯзу имрӯзи мардуми Бухоро қисса мекунад. Он соли 2011 дар Ютюб гузошта шуда, баъзе аз қисматҳои он хеле пештар, дар соли 2000, наворбардорӣ шудааст.
Нависанда ҳарчанд дар навор бо забони русӣ ҳарф мезанад, вале ҳангоми суҳбат бо мардуми осоишта аз забони тоҷикӣ истифода мебарад. Дар яке аз саҳнаҳои ин филм Пӯлодов бо донишомӯзи яке аз мактабҳои миёнаи Бухоро ҳамсуҳбат шуда, аз ӯ дар бораи бо кадом забон муошират ва дарс омӯхтанаш мепурсад. Дар ҷавоб навраси бухороӣ мегӯяд, агарчӣ бо забони узбакӣ дарс мехонад, вале ҳангоми танаффус бо дӯстон бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунад. Донишомӯзи бухороӣ дар посух ба суоли нависанда, ки ӯ худро тоҷик медонад ё узбак, мегӯяд: “Ҳар ду.”
Темур Пӯлодов соли 1939 дар шаҳри Бухоро ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории Бухоро мебошад. Ӯ ҳоло шаҳрванди Русия ба шумор рафта, дар ин кишвар ба сар мебарад.
Ин нависандаи бухороӣ муаллифи чандин китобҳо буда, нахустин асари ӯ соли 1964 бо номи “Дар канори роҳ марав” ба нашр расидааст. Асарҳои ин нависанадаи машҳури бухороӣ бо зиёда аз 5 забон, аз ҷумла арабӣ, англисӣ ва ҳиндуӣ тарҷума шуда, дар беш аз 7 кишвари дунё – Венгрия (Маҷористон), Олмон, Шветсия, Полша (Лаҳистон) ва Амрико чоп шудааст. Пӯлодов бо ҷоизаҳои “Нависандаи халқии Тоҷикистон”, “Нависандаи халқии Узбакистон” ва ордени дӯстии халқҳо қадрдонӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |