Вакилони Зайд Саидов шаш рӯз танаффус хостанд
Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости вакилони Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, дар мурофиаи ӯ шаш рӯзи танаффус эълон кардааст.
Вакилони мудофеи оқои Саидов ин шаш рӯзи танаффусро барои ошноии бештар бо ҷузъиёти парвандаи нафари таҳти ҳимояташон хостаанд.
Исҳоқ Табаров, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, гуфт, ин тасмимро додгоҳ рӯзи 27-уми сентябр гирифт ва, ба ин тартиб, онҳо то рӯзи панҷшанбеи оянда ба омӯзиши парвандаи зерҳимояашон машғул хоҳанд буд.
Оқои Табаров дар идома гуфт, дар мурофиаи рӯзи 27-уми сентябр ду шоҳиди берун аз марз, яке шаҳрванди Украина ва дигаре шаҳрванди Русия, мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд. “Шоҳидони мазкур дар робита ба моддаи 247, яъне қаллобӣ, пурсида шуданд. Дар умум аз рафти ин бозпурсӣ мо ва худи Зайд Шерович қаноатманд ҳастем”,-афзуд ӯ.
Аз ин пештар, айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи раҳбари “Тоҷикистони нав” аз додгоҳ се рӯз танаффус хоста ва дар ин муддат алайҳи Зайд Саидов парвандаи нав ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари 12-соларо эълон карданд. Дар парванда гуфта мешавад, ки оқои Саидов дар ду соли пеш ба номуси як духтари дувоздаҳсолаи рус дастдарозӣ кардааст. Иттилое, ки худи Зайд Саидов дар лаҳзаи рӯбарӯкунӣ бо ин духтар онро сохтаву бофта номида ва гуфтааст, чунин касеро надидаву намешиносад.
Исҳоқ Табаров мегӯяд, парвандаи нави “таҷовуз ба номус” ҳоло дар тафтишот аст ва дар ин замина ҳеч иттилои кофӣ дар даст надоранд. Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, нимаи дувуми моҳи майи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт гардид. Мақомот ӯро дар бисёрзанӣ, ришват, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, сӯистифода аз мақом, таҷовуз ба номуси ноболиғ муттаҳам мешуморанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |