Бахшҳо

Довталаби курсии президентӣ: “Демократия дар ҷангал; мо сотсиализм месозем” (ВИДЕО)

Гуфтугӯи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон”, бо Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунист ва номзад ба мақоми президентӣ.


Озодагон: Исмоил Талбаков, бори дувум аст, ки барои дарёфти курсии президентӣ талош мекунед, чаро?

Талбаков: “Аслан пешбарии номзадии ман барои интихоботи президентӣ ин танҳо ҳадаф ва ё мақсади ман набуд. Ин қарори Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) мебошад. Дар анҷумани 30-юми ғайринавбатӣ чунин тасмим гирифта шуд ва раҳбари ҳизби мо, Шодӣ Шабдолов, онро дастгирӣ карданд. Ман дигар рад накардам.”

Озодагон: Бубинед, одатан аҳзоби сиёсии кишвар барои ба даст овардани курсии президентӣ раҳбари худро пешбарӣ мекунанд. Аммо коммунистҳои Тоҷикистон дар ҳарду давра муовини раисро пешниҳод карданд...

Талбаков: “Дар анҷумани қаблӣ ва ин навбат ҳам Шодӣ Шабдолов ба таври ихтиёрӣ гуфтанд, ки номзадиашонро намемонанд. Шодӣ Давлатович ба вакилон ва аз ҷумла ба ман гуфтанд, аз сабаби расидан ба синни 70, дигар наметавонанд вориди майдони муборизот шаванд. Вақте коммунистҳои Тоҷикистон масъалагузорӣ карданд, ки дар интихоботи президентӣ ширкат мекунанд, Шодӣ Давлатович гуфтанд, беҳтараш номзадии Исмоил Талбаковро матраҳ кунанд. Анҷуман ин пешниҳоди раисро дастгирӣ кард.”



Озодагон: Маъмулан барои иштирок дар сабқати курсии президентӣ ашхосе пешбарии номзад мекунанд, ки мехоҳанд барои мардум коре карда бошанд ва ё ин ки аз амалкардҳои ҳукумати феълӣ норозиянд. Шумо чӣ кор кардан мехоҳед?

Талбаков: “Дар асл мо дар қиболи ҳукумат мухолифи бунёдкор ҳастем. Дар вазнинтарин давраҳо ва масъалаҳо ҲКТ ширкат дошт. Аз ин хотир, вақте оромӣ ҳаст, мо ҳам вориди майдон шудем. Қонунҳои кишвар фароҳам овардааст, то ҳизбҳои сиёсӣ дар интихобот ширкат дошта бошанд. Мо ҳам мақсаду ҳадафҳои худро аз нигоҳи илмӣ асоснок кардаем. Барномаҳои мо бештар хусусияти иҷтимоӣ дорад.
Ҳадафи аслии мост, ки баъди ба сари қудрат омадан мо афзалиятро ба моликияти давлатӣ ва иҷтимоӣ бидиҳем. Албатта, мо моликияти хусусиро эътироф мекунем, аммо моликияти давлатӣ беҳтар. Давлат он замон пеш меравад, ки моликияти бештар дошта бошад. Ба андешаи ман, чунин барномаи моро нисфи зиёди аҳолии кишвар дастгирӣ хоҳанд кард.”

Озодагон: Мегӯед, ба далели хусусияти иҷтимоӣ доштан 50 дарсади аҳолӣ аз барномаи Шумо пуштибонӣ хоҳад кард. То ҷойе маълум аст, барномаи пешазинтихобии соли 2006-и Шумо низ ҳамин мазмунро дошту чандон раъйи зиёде ба даст наовардед...

Талбаков: “Барои овози мардумро гирифтан корҳои зиёд кардан лозим аст. Вақте ман соли 2006 барои курсии президентӣ талош кардам, дарк намекардам, ки барномаи ман миёни мардум то ба ин ҳад матраҳ хоҳад шуд. Аз сабаби он ки дар қонун тағйирот ворид карда натавонистем, ман овози бештарро гирифта натавонистам. Қонунҳои мо дар бораи интихоботи президентӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ба тағйиру иловаҳо ниёз дорад. Ҳамин буд, ки дар соли 2006 ман овозҳои худро ҳифз карда натавонистам.”

Озодагон: Яъне дар соли 2006 овози бештар гирифтеду ҳукумат онро ба Шумо надод?

Талбаков: “Ҳукумат медиҳад намедиҳад, ин ҳукумат ягон тақсимгар нест.”

Озодагон: Манзури Шумо яъне Кумисюни марказии интихобот (КМИР) аст?

Талбаков: “КМИР ҳам тақсимгар нест. Дар ин ҷо бештар ҳавза ва участкаҳои раъйдиҳӣ таъсир доранд. Маҳз дар ин ҷо ҳизбҳои сиёсӣ намояндаи худро надоранд. Шаффофият дар ҳисоб кардани овозҳо вуҷуд надорад, касе назорат бурда наметавонад. Афсӯс, ки мо - ҳизбҳои сиёсӣ намояндаи худро онҷо надорем. Шубҳаву гумонҳо аз ҳамон ҷо бармеояд.”

Озодагон: Вале дар соли 2013 ҳам ҳамон шарту шароит ҳаст. Ба қонунҳо тағйиру иловаҳо ворид нашуд. Пас, Шумо чӣ гуна бо дарназардошти ҳамин шароит дубора номзад шудед?

Талбков: “Намедонам, Шумо бовар мекунед ё не, вале ман барои ба ҳадаф расидан барномаҳои худро муаррифӣ хоҳам кард. Умуман барои беҳтар гардидани фазои интихоботӣ на танҳо барномаи ҳизби мо, балки барномаҳои тамоми аҳзоби сиёсӣ бояд матраҳ шавад. Чӣ қадаре, ки мардум аз барномаҳои аҳзоб огоҳӣ пайдо кунанд, ҳамон қадар беҳтар аст. Барномаи номзадҳо бояд бештар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ гардад. Ман ба мардуми Тоҷикистон ҳаминро гуфтаниам, ки барномаҳоро омӯзанд, баъд ба овоздиҳӣ раванд. Кӯр-кӯрона ба номзадҳо овози худро надиҳанд.
Бовар дорам, ки мардуми Тоҷикистон ба оҳистагӣ ба ҳамин самт мераванд. Барномаи мо, ки барои қишри камбизоати ҷомеа аст, мардум онро тарафдорӣ хоҳад кард. Дар барномаи мо дарҷ гардидааст, ки ҳар духтур, ронанда ва ё омӯзгор мутобиқи кори худ ҳаққи хидмат хоҳад гирифт. Ҳадафи мо ин решакан намудани қашоққӣ ва муфтхӯрӣ дар Тоҷикистон мебошад.”

Озодагон: Барои муаррифӣ гардидани барномаи номзадҳо ба курсии президентӣ шабакаҳои телевизион нақши зиёд доранд. Аммо воқеияти Тоҷикистон чӣ ҳаст, Шумо медонед. На ҳамаи ҳизбҳо ба телевизионҳои Тоҷикистон дастрасии озод доранд. Дар чунин фазо чӣ гуна барномаи худро таблиғ мекунед?

Талбаков: “Телевизион дар асл ин аз ҳисоби андозсупорандагон аст. Кормандони телевизион барои ҳамаи номзадҳо бояд як гуна шароит фароҳам оваранд. Барои номзадҳо имконияти якхела бидиҳанд. Мутаасифона, дар мо чунин нест. Аз ин нуқтаи назар мо нашрияҳои худро- “Космунисти Тоҷикистон”, “Тоҷикистон овози” ва “Коммунист Таджикистана”-ро дорем. Ҳанӯз соле қабл мо чунин камбудро дар назар гирифта, ба хулосае омадем, ки ҳар як коммунист тавонад 10 ва ё 15 нафарро ба тарафдории худ ҷалб кунад. Мо 45 ҳазор узв дорем, агар ҳар каси мо 10 нафариро таблиғ кунем, пас, метавон гуфт дар натиҷа 450 ҳазор нафар ба тарафдории мо раъй хоҳад дод.”

Озодагон: Чунин имкони таблиғро доред?

Талбаков: “Бале, новобаста аз вазъият чунин имкон вуҷуд дорад. Бигузор кормандони телевизионҳои Тоҷикистон аз мо наранҷанд. Аммо мардуми Тоҷикистон медонад, ки дар телевизион чӣ гап ва дар асл кадом ҳақиқат вуҷуд дорад. Имрӯзҳо телевизионҳои Тоҷикистонро мардум ҳамчун як тамғаи тилоии зиндагӣ дигар қабул надоранд. Мафкураи мардуми Тоҷикистон хеле рушд ёфтааст. Онҳо барномаҳои телевизионҳоро дида, ба дастрахони худ менигаранд. Хулосаи худро мебароранд. Таърифу тавсифро дида, ба шароити зиндагии худ назар мекунанд, нокомиҳои ҷомеаро эҳсос мекунанд. Ин ҳама таърифу тарғибе, ки ҳоло яктарафа пахш мешавад, ин бар зарари ҳамон субъекти таъриф хоҳад буд. Барои мисол, шабакаҳои Тоҷикистон аз моҳвора низ пахш мешаванд. Онҷо мо муҳоҷирони зиёд дорем. Онҳо ҳам вазъи худро дида, барномаҳои телевизиони кишварро матраҳ мекунанд. Ҳаминро бояд бигӯям, ки ҷомеаи мо ин мардуми соли 1998-2006 нест. Субҳи имрӯз ман мушоҳида кардам, ки вақте рӯзномафурӯш меомад, аксари мардум талош доштанд, то нашрияҳои мустақилро харидорӣ кунанд, на рӯзномаҳои давлатиро.”

Озодагон: Шумо гуфтаниед, ки дар муқоиса бо соли 2006 бо дарназардошти мушкилтар гардидани вазъ мардум ба расонаҳои мустақил бештар рӯ овардаанд, назар ба расонаҳои давлатии Тоҷикистон?

Талбаков: “Тавре мегӯянд: “Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад”. Барои ҳамин ҳам, имрӯз агар интихобкунандаи моро ҳазор насиҳат кунӣ, дигар ба худ ҷалб карда наметавонӣ. Онҳо ҳолати воқеии худро мебинанд ва ин “насиҳатномаҳо”-ро қабул карда наметавонанд. Аз ҳамин хотир, мо дар барномаи худ бештар ба мардуми заҳматкаш рӯ овардаем.”

Озодагон: Дар мавриди рушди мафкураи мардуми тоҷик инҷо зикр кардед. Оё чунин назарро дар фазои сиёсии кишвар ҳам доред? Метавон гуфт, ки фазои интихоботи президентии соли 2013 аз интихоботи қаблии раёсатҷумҳур фарқ хоҳад кард? Ҳамчун номзади такрорӣ ягон дигаргуниро эҳсос мекунед, чӣ мусбат, чӣ манфӣ?

Талбков: “Мусбат ҳамин аст, ки қадам ба қадам ҷомеаи кишвар рӯ ба демократия меорад. Ман дар интихоботи гузашта ҳам будам. Имрӯзҳо мардум бо номзадҳои худ бо самимият ва эҳтиром сӯҳбат мекунанд. Илова бар ин, КМИР ҳам шикоёти моро ба эътибор мегиранд. Масъулини КМИР чораҷӯӣ доранд, то мушкилот бартараф гардида, барои ҷамъоварии имзо ҳеч монеае пеш наояд. Аслан тамоми башарият ба тарафи сотсиалистӣ меравад. Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ имконияти хуб дорад. Агар маҳорати хуби давлатдорӣ бошад, дар кишвари мо имкон дорад то 25 миллион тан бо ҷойи кор таъмин бошад. Барои ин таҷрибаи давлатдорӣ лозим аст.”

Озодагон: Гуфтаниед, ки аз сабаби сатҳи кофӣ надоштани давлатдорӣ муҳоҷирони мо афзоиш меёбанду мардум дар кишвар бо ҷойи кор таъмин нестанд?

Талбаков: “Ин маънои онро надорад, ки дар Тоҷикистон умуман давлатдорӣ нест. Дастовардҳое мо дорем, ки онро набояд сарфи назар ва ё мадди назар кунем. Агар барномаи пешазинтихоботии мо дастгирӣ ёбад, камбудҳои ҷомеа бартараф мешавад.”

Озодагон: Соли 2006 ҲКТ овози камтар ба даст овард. Коршиносон ва баъзе аз нозирон аз фаровонии нақзи қонун шикоят доштанд. Пешбинии Шумо аз баргузории интихоботи соли 2013 чӣ гуна аст?

Талбаков: “Ман дар сиёсат фолбиниро он қадар дӯст намедорам. Албатта, ҳизбҳо мубориза мебаранд. Ҳизби ҳоким барои ба даст овардани пирӯзӣ тамоми имкониятро истифода мекунад ва ин пӯшида ҳам нест. Он имконияте, ки то имрӯз ҳаст, мо аз баргузории интихобот некбин ҳастем. Мардум ширкат хоҳад кард. Аслан гиламандии ман дар ин маврид аз мардум ҳам ҳаст. Онҳо дар интихобот ба таври фаъолона ширкат намекунанд. Онҳо ба интихобот намераванд, аммо шикоят мекунанд. Охир ҳамин дар интихобот ширкат накарданашон бар зарари худашон аст. Агар барномаи ман ба хубӣ муаррифӣ шавад, бовар дорам, нисфи зиёди овозҳои мардумро ман мегирам. Вале пирӯзӣ ба овоз ва ширкати фаъолонаи мардум вобастгӣ дорад.”

Озодагон: Баъзе ишораҳо ба мушкилоти молии ҳизбҳои Тоҷикистон мешавад. Оё Ҳизби коммунист мушкилоти молӣ надорад?

Талбаков: “Дар тамоми кишварҳои Аврупо ва ё Ғарб интихобот ва ширкат дар он аз тарафи буҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад. Мутаассифона, дар мо ин иқдом аз тарафи парлумон дастгирӣ намеёбад. Ин тағйироте, ки мо мухолифин дар парлумон пешниҳод карда будем, вакилони Ҳизби халқи демократӣ (ҲХДТ) тарафдорӣ накарданд. Мо ҳам мушкилоти молӣ дорем. Вале то ҳол онро аз ҳисоби маблағи ҳаққи узвият ва моҳонаи парлумонии ду намояндаи ҲКТ бартараф мекунем. Аз ҷониби дигар, қонунгузорӣ иҷоза додааст, то ҳар ҳизб дар арафаи интихобот аз тарафи ҳаводорони худ то 200 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ бигирад.”

Озодагон: Мегӯед, барои аз байн бурдани мушкилот дар қонунгузорӣ оид ба интихобот вакилони ҲХДТ пешниҳоди мухолифинро дастгирӣ накарданд. Сабаб чӣ аст?

Талбаков: “Инро ба мавқеи сиёсии онҳо ҳавола мекунам. Ман як овоз дорам ва вакилони ҲХДТ ҳам як овоз доранд, аммо ҳар вакил аз рӯи фаҳмиши сиёсии худаш овоз медиҳад дар парлумон. Аз онҳо домангир нестам.”

Озодагон: Аз баргузории интихобот дар Тоҷикистон, чӣ парлумонӣ ва чӣ президентӣ шикоятҳо ҳамеша зиёд аст. Бо дарназардошти вазъи феълӣ, гуфта метавонед, ки интихоботи соли 2013 шаффоф баргузор мегардад?

Талбаков: “Меъёри баргузории интихоботи демокративу шаффофро қонун муаяйн кардааст.”

Озодагон: Қонунгузорӣ муайян кардааст, вале дар воқеият чӣ?

Талбаков: “Барои риоя гардидани ин меъёр бояд ҳар як шаҳрванд дар интихобот овози худро соҳибӣ кунад. Ҳама бояд масъулиятшинос бошад. Ҳар кас бояд овози худашро ҳимоя кунад. Аз тарафи дигар демократияе, ки мегӯянд танҳо дар ҷангал риоя мешавад. Тавре мегӯянд, дар ҷангал демократияи аслӣ буда, тавоно зиндагӣ мекунаду нотавон мемирад.”

Озодагон: Ҷомеаи мо ба ин ҷангал монандӣ дорад?

Талбаков: “Ин контрсаволи ман шуд. То андозае монандӣ дорад. Ман то ҳоло форматсияи воқеии ҷомеаи худамонро муаяйн накардаам. Намедонам, ҷомеаи мо чӣ форматсия дорад - бозаргонӣ, иҷтимоӣ, демократӣ... номуаяйн аст.

Озодагон: Ва дар охир. Бархе аз раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, ба хусус раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) изҳор доштанд, ки пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи пешорӯ ғайриқонунӣ хоҳад буд. Шумо чӣ андеша доред?

Талбаков: “Пешбарӣ гардидани номзадии Эмомалӣ Раҳмон ин ба салоҳияти ҳизби ҳоким аст. Инро танҳо вакилони анҷумани ин ҳизб ҳал мекунанд. Агар онҳо пешбарӣ мекунанд, номзадии Раҳмон мегузард, пас ӯ рақиби ман хоҳад буд. Ман дар нисбати ягон рақиби худ ҳарфи бад гуфтанӣ нестам.”

Озодагон: Агар ба номзадҳо пешниҳод шавад, ки ба тарафдории як номзад овозҳои худро тақсим кунанд, Шумо барои кадом номзад овозҳои худро тақдим хоҳед кард?

Талбаков: “Ман овози худро ба касе намедиҳам. Мардум овози худро барои ман медиҳад, на ба номзади дигар. Ин амонати ман аст.”
Мӯҳр
zanja_23
Аз овоздузди дар интихобот ноумед нестем! вокеанхам Точикистон мисли чангал хаст Тагадор чои кори хуб дораду бе таго мухочир.....

МУХОЧИР
ХКТ ИН ЯК ЯЧЕЙКАИ ХХДТ ХАСТ

Чаноби Икс
Чаноби Талбаков! Ман коммунизмро дуст медорам.Тарафдори сотсиализм хастам. Ленин бисёр одами хуб буд. Аммо шумо президент намешавед.Коммунисти тоза нестед. Замонасоз нашавед! Дар аксар холат вассофи мекунед ин хукуматро.Кадом "дастовардхо"??? Дар порлумон овозатон таъсиргудоз нест. Агар аз парлумон равед бо Чаноби Шабдолов,бад ман шуморо коммунистони асил эътироф мекунам.

Lola
сад афсус ва хайфи халки точик ки дастнигари лакайхое ба мисли Таблаков шуда мондааст

Ба хамватанони азизам Мухочир, Чаноби Икс, Lola гуфтаниам, ки агар Шумо коммунисти тоза будани манро фахмидани бошед, бояд аз наздик манро шиносед ва баъд хулоса бароред. Агар ман мисли дигар коммунистони катори бо идеяхои Маркс, Ленин ва сотсиализм бовар намедоштам кайхо аз ин хизб мисли дигарон мерафтаму ба зиндагии шахсии худ машгул шуда давлату сарват чамъ намуда парвои дигарон намекардам. Агар ба хулосаи Шумо замонасоз мебудам, ман бештар аз 22 сол дар ин Хизби Коммунистии чоночонамон, ки манфиатхои мардуми захматкаш, аз чумла манфиатхои Шуморо хифз менамояд, намемондам ва имруз Исмоилро ба хайси як точир, корчалон ё худ ба хайси як "точики нав" мумкин мешинохтед. Холо он ки барои чунин шудан тамоми имкониятхоро дар давраи бесарусомонихо доштам. Шояд хамин "коммунисти тоза набудам" ба кавли Шумо буд, ки ба аз худкунии моликияти давлатию чамъияти даст назадем.
Мард бояд эътироф кунад, ки хукумати хозира то андозае ва хато хело хам дар мукоиса ба даврахои бесарусомони дастоаврдхо дорад. Гарчанде, ки мо назари худро дорем. Аслан дигаргунихое, ки дар чомеа хаст онро танхо кур ва ё аблах дида наметавонад.
Лола ту ки манро лакай мегуи, лакай ва ё дигар миллат будан айб нест, мухимаш одам будан, бо аклу бофаросат будан аст. Одами беаклу бешараф, бефаросату бемаъни дар хама миллат, аз чумла дар миллату ману Шумо хам хаст ва Худо аз хамин гуна тоифахо чамъиятро нигох дорад. Тамано дорам, ки Шумо аз тоифа набошед. Ба Шумо мегуям, ки ман хамаи миллату халкиятхоро, ки башорати инсони доранд эхтиром менамоям. Фаркияти одаму хайвон дар он аст, одам дар чомеа бошуурона муносибат мекунад, хайвон бошад бешуурона, вале тоифаи худашро эхтиром мекунад.
Ман точики асл мебошам ва аз он ифтихор мекунам, ва бубахшед, ки аз точик будани Шумо афсус мехурам, ки дар хулосаронихоятон номатонро пинхон дошта Икс ва чизи дигаре менависед. Фикр мекунам Шумо хатто худатон аз худатон бо ин акидахоятон шарм медоред.
Хайр тавакли мову Шумо ба Худо. Вале дар хар сурат Шумо ба тарафдории ки овоз медихед ин хакки халолатон мебошад, лекин биёед аз бадгуи нисбати хамдигар даст бикашем, омодаи сухбат бо Шумо мебошам. Ба Шумо тавфику инсоф ва барори кор дар амалхои некатон хохонам.
Бо эхтиром Исмоил Талбаков.

Гиёси
Ба хамаи он шахсоне, ки дар ин набарди сиёси ба хотири ба даст овардани мансаби Президенти Чумхурии Точикистон розигии худро додаанд сарфарозию сарбаланди ва комёбихоро таманно дорам. Дигараш ин ки аз хамаи он нафароне, ки нисбати ин ё он номзад чизи гуфтани доред эхтиромона хохиш менамоям, як бор сар ба зонуи сукут зада андеша кунед, ки чи менависеду чи мегуед. Охир хамаи номзадхо точиканду точикистониянд. Аз ин ру бародарвор аз хамаи Шумо хохиш мекунам аз тахкири хамдигар даст кашед. Исмоил Талбаковро 25-сол боз мешиносам ва бо тамои масъулият арз менамоям, ки пеш аз хама вай фарзанди одами оди хаст. Падараш шодравон ронандаи оди буданд ва Модари бузургвораш хонашин. Онхо тавонистанд, ки бо ранчу захматхои хоксорона фарзандонро ба камол раоснанд ва сохибмаърифат гардонанд. Имруз ба души Исмоил Талбаков масъулияти баланд вогузор карда шудааст ва вай хамчун инсони якрую якмаром итминони комил дорам, ки сарбаландона аз ин имтихони дар пеш истода хохад гузашт. Дигараш ин ки барои Исмоил Талбаков хама точику точикистониянд, барои У маххал ва кавму кабила вучуд надорад. Яке аз хислатхои поку чавонмардонааш дар он аст, ки У дар байни хама миллату масхабхо ва махаллахои Точикистон иззату обру дорад ва аз хеч кас сархаму мутаххам нест. Аз Худованди Кариму Беназиру Бехамто таманно дорам, ки хамеша дар хизмати мардум бошаду ба хизматгор мухточаш накунад. Сарфарозу сарбаланд бош акаи Исмоил. Аз беандешагию бефахми ва бехурматии ашхоси бехираду нотавонбин харгиз озурда мабош.
Ба гуфти Соиби Табрез:
Нон агар нест маро чашму дили сере хаст,
Обру хаст агар оби равон нест маро

Чаноби Икс
Ташаккур Чаноби Талбаков, ки посух додаед. Агар дар хакикат худатон бошед, на шахси дигар бошад. Ленини Бузург давлате сохторе сохт ки хама баробар буд. Бою камбагал ин хел гапхо набуд. Мушкилот набуд. Сотсиализм як сохтори Тиллои мебошад. Хозир дар ин давлат феодализм капитализм вучуд дорад!!! Ман тарафдори онам ки ин давлат ба Коммунизму Сотсиализм баргардад...аммо аз дасти шумо намеояд.Ман инро на ба як маъние тахкиру пастзани мегуям...Магар ХХДТ хама чиро монда ХКТ мешавад???Шумо худ аз ман бузургтаред хам ба аклу сол. Магар хамин точикистон бо хамин ба сотсиализму коммунизм бармегардад???? Бо чунин сиёсати пешгирифтааш????? Як бори дигар Ленин ба дунё меомаду ин сохторро чаппагардон мекард хуб мешуд....аммо дар ин чахон монанди Ленин, дигар Ленин намеояд...намеояд...намеояд recourse

Сад хайфи номи зебоят Лола, ки Шумо Исмоил Талбаковро лакай мехисобед, лакай будан айб нест, ман он касро зиёда аз 20 сол мешиносам ва ифтихор дорам, ки дар миллати ман Исмоил барин чавонмардони бонангу ор ва баномус хастанд. Мо коммунистон ин точики асил, далеру часур босаводу бо маърифат сиёсатмадри замонро як дилона номзад ба мансаби Президенти пешниход намудем ва бовари дорем, галаба мекунад. Акаи Исмоил хаста нобоши. Аз ин тухматчиёну нотавонбинон дилтанг нашав.

а
Исмоил Талбаков

Биеед мардонавор икрор шавед, ки иштироки шумо ин накшаи аз тарафи дастгохи хукумат тархрезишуда аст ва шумо ба осиеи Эмомали Рахмон об рехта истодаед.

Ватандор
Исмоил Талбаков, новобаста аз он, ки чи кадар овоз мегири акидахои ватандустнаю камбагалпарварона дори, ахсан ба ту!

о
Ягона номзади оппозициони ин Бобоназарова аст. Бокимонда хамааш клоун хастанд.

Гиёси
Бародарони азизи Озодагон ! Ман хам ба мисли Шумо Рузноманигор хастам ва собикаи 27 соли дорам. Аммо сад афсус, ки бо ин "мехрубонию хислатхои чавонмардиатон" дилам аз Шумо хам монд. Зеро Шумо танхо сомонаатон тахкиру суханони фахшу бемаъниро дар хакки номзад ба мансаби Президенти ЧТ аз ХКТ Талбаков Исмоил Иброхимович ва Президенти амалкунанда чойгир мекунеду суханони ба Вахдату якпорчагию ободию осоиштагии Ватани азизамонро даъват мекардагиро бо дастури касе ба нашр намерасонед. Эхтиромона хохиш мекунам аз ин рафтору кирдор ва амалхои зиди халку миллати точик даст кашед. Боки хаволаатон ба ХУДО.

Ali
Muhtaram Ismoil Ibrohimovich! Awwal Az Parwardigori Olam Ba shumo Va Digar Kommunistoni Haqiqii Watani Azizamon Salomatii Qavi Khohonam! Va Bad Baroyi Ba Piruziho Noil Gashtan Ba shumo Muwafaqiyat MeGuyam, Bigzor Ba Murodu Maqsadi Khubi khud BiRased!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)