Узбакистон: Чориевро мехоҳанд, боз ба таҷовуз ба номус айбдор кунанд
Дар Узбакистон талош доранд, алайҳи Ҳасан Чориев, падари 71-солаи сиёсатмадори мухолифи Ислом Каримов боз як парвандаи таҷовуз ба номус кушоянд.
Ба навиштаи торнамои “uznews.net”, Фарида Расулова, сокини вилояти Қашқадарёи Узбакистон мегӯяд, кормандони пулиси ин минтақа ӯро боздошт ва таҳти фишор қарор додаанд, то алайҳи Чориев ба иттиҳои дастдарозӣ ба номусаш ба додгоҳ шикоят барад.
Расулова мегӯяд, кормандони пулис гуфтаанд, агар аз болои Чориев шикоят барад, ҷаримаи эълоншуда ба маблағи 1800 доллари амрикоӣ алайҳи ӯ бахшида мешавад. Фарида Расулова ба хотири иштирок дар гирдиҳамоии рӯзи 3-уми июли соли ҷорӣ ба ҷонибдорӣ аз Ҳасан Чориев ба маблағи 1 ҳазору 800 доллари амрикоӣ ҷарима шуда буд.
Ин сокини вилояти Қашқадарё афзудааст, ки ҳар чанд мақомоти пулис ӯро зери зарбу шата қарор дода, таҳдид ба аз байн бурдани писараш кардаанд, вале ӯ дар ҷавоб гуфтааст, аз Худо метарсад ва шахси бегуноҳро туҳмат нахоҳад кард.
Ҳасан Чориев дар таҷовуз ба номуси духтари 19-сола гумонбаршуда, аз тарафи додгоҳи шаҳри Қаршии Узбакистон ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Аксари ҳуқуқшиносони узбак мегӯянд, ин қазияи Ҳасан Чориев ангезаи сиёсӣ дошта, марбут ба фаъолиятҳои писараш Баҳодур Чориев мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |