“Регар-ТадАЗ” бо “Вахш” ва “Истиқлол” бо “Парвоз” қувваозмоӣ мекунад
Имрӯз, 27-уми сентябр, бозиҳои аввали даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2013 оид ба футбол миёни чор дастаи Лигаи олӣ баргузор мегардад.
Тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бо тими "Вахш"-и Қӯрғонтеппа рақобат мекунад. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ, дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо тими “Парвоз” ба сабқат мебарояд.
Бозиҳои ҷавобии нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2013 рӯзи 1-уми октябр баргузор хоҳад шуд. Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2013, рӯзи 5-уми октябр дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор мегардад.
Дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол” соли гузашата дар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2012 рӯзи 5-уми октябр дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” рақобат намуда, замони асосии бозиро мусовӣ 1:1 анҷом доданд. Дар натиҷаи зарбазаниҳои 11- метра бо ҳисоби 6:5 ва бо ҳисоби умумии 7:6 ғолиб омада, Ҷоми Тоҷикистон-2012-ро ба даст оварда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |