Тоҷири чинӣ: Тоҷикон молҳои арзону пастсифат мехоҳанд (АКС)

Нилуфари КАРИМ
Рӯзи 27-уми сентябр дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти содиротии ноҳияи Синзяну Уйғури Чин шурӯъ шуда, то 30-юми сентябр идома хоҳад дошт. Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти нассоҷӣ, сохтмонӣ, озуқа ва ғайра пешкаши тамошобинон шуда буданд.
Сзян Сзин, директори генералии ширкати истеҳсолии “Сиянган Чуани”, ки ба истеҳсоли молҳои хоҷагидорӣ машғул аст, дар суҳбат бо “Озодагон” ҳадафи иштирокаш дар намоишгоҳро пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ дар Тоҷикистон гуфт. Ӯ изҳор дошт, ки ният дорад, истеҳсоли маҳсулоташонро дар худи Тоҷикистон ба роҳ монанд.
Дар мавриди пастсифатии молҳои чинӣ дар бозорҳои Тоҷикистон Сзян Сзин таъкид кард, ки ин бо хоҳиши худи тоҷирони тоҷик сурат мегирад: “Аслан тоҷикон ба мо номгӯ ва навъи маҳсулотро оварда, бо нархҳои арзон фармоиш медиҳанд. Вақте нарх арзон шуд, сифат ҳам паст мешавад. Тоҷирон молро бо назардошти қобилияти харидории мардум фармоиш медиҳанд.”
Сзян Сзин афзуд, ки ба намоишгоҳ молҳои нисбатан сифатнокро овардаанд ва бинобар ин нархи онҳо нисбатан қиматтар аст.
Дар ҳамин ҳол ин соҳибкори чинӣ илова намуд, ки аллакай бо соҳибкорон аз Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва чанд минтақаи Тоҷикистон гуфтугӯ намудааст ва умеди бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ дар худи Тоҷикистонро дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |