Бахшҳо

Раҳоии Қувватов: Кӣ бурду кӣ бохт?

Дар пайи озодии Додоҷон Атовуллоҳ ва Абдумалик Абдуллоҷонов, ки мухолифини ҳукумати феълии Тоҷикистон астанд, ахиран Николай Николайев, вакили мудофеи Умаралӣ Қувватов, раҳбари Созмони мухолифи “Гуруҳи 24” низ аз раҳоии зерҳимояаш аз боздоштгоҳи Дубай хабар дод. Ин афрод, худро мухолифин муаррифӣ мекунанд, аммо ҳукумат онҳоро “ҷинояткор” арзёбӣ намуда, аз кишварҳои хориҷӣ истирдодашонро талаб кардааст, вале то ҳол танҳо ҷавоби рад гирифтааст. “Озодагон” назари чанд коршиносро дар мавриди раҳоии Умаралӣ Қувватов пурсид, ки чаро Аморат ба мақомоти тоҷик бовар накард ва оё ин бохти ҳукумат аст?

Зафар Абдуллоев, рӯзноманигор, шореҳи сиёсӣ:

Бохти ҳукумати феълӣ, вақтест, ки ба ҷои он нерӯҳои нав сари қудрат меоянд. Аммо Қувватов танҳо ба озодӣ муваффақ шудааст. Ман аз аввал ба Қувватов таваҷҷуҳи хосе надорам, чун ӯро сиёсатмадори ҷиддӣ намеҳисобам. Бисёр аз сафсата, шиорпартоӣ ва таҳқир дар ҳаққи рақиб кор мегирад, ки ба як гуруҳи хаста нигаронида шудааст.
Ақидаи онҳоеро, ки нафари норозии соҳиби чанд миллионро рақиби ҷиддии ҳукумат медонанд, нодуруст мешуморам. Барои нестии низоми авторитарӣ ва густариши демократия кори зиёде бо ҷомеи шаҳрвандӣ, ташаккули институтҳои ҷамъиятӣ ва то ҷое этикаи сиёсӣ зарур аст. Барои ин баробари даҳҳо миллион доллар инчунин кори чандсола даркор аст.
Аммо дар мавриди Қувватов ман танҳо худнамоии босуръат дар нақши “наҷотбахши миллат”-ро мебинам, ки донишу таҷрибаи сиёсӣ надорад ва ман чунин шаҳсиятҳоро аз ҳукумати феълӣ беҳтар намедонам. Ман фикр мекунам номзади арзандаи президентӣ аз ҷониби мухолифин аллакай пешниҳод шудааст ва агар дар атрофи ӯ 500 шахсияти дигаре чун ӯ ҷамъ шаванд, мо барои ислоҳоти демократӣ имкон хоҳем дошт.

Хуршеди Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистӣ

Умаралӣ Қувватов то дирӯз аз наздикони оилаи роҳбари Тоҷикистон буд ва чун муносибатҳо бад шуданд, талош кард ба сафи дигарандешон пайвандад. Вай худро чун сиёсатмадор ва мухолиф ҳанӯз нишон надода, ба маҳбас афтода буд. Норозӣ будан аз ҳукуматдорон ҳанӯз маънои мухолиф буданро надорад. Қувватов шояд дар оянда худро чун дигарандеш нишон диҳад, аммо айни ҳол аз ӯ бӯи ҳукуматӣ феълӣ меояд. Бинобар ин фикр мекунам, ки суоли Шумо ноҷо аст.

Алим Шерзамонов, роҳбари ҲСДТ дар Бадахшон

Раҳоии Қувватов ин як бурди мухолифин ва бохти ҳукумат аст.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос

Албатта ин бохти ҳукумати феълӣ ва бурди созмони “Гуруҳи 24”-у ҷонибдорони Қувватов аст. Зиёда аз ин Қувватов баъди боздошташ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва то ҷое маъруф шуд.

Мӯҳр
хоча
Ба гуфтахои Зафар Абдуллоев хамфикрам

Мухтор
Зафар Абдуллоев ту як лагандбардор хасти, Умарали Кувватов бошад барои хакикату адолати мардуми точик мубориза мебарад ва У.Кувватов чону саломатии худашро дар хатар монда ,дар зиндон кариб як сол ба сар бурд ,лекин аз назару акидахояш нагузашт. Ана фарки ту ва у. Кувватов.

Сайоди Сайд
Дуруст гуфтед устод Мулочонов. Ин бефахмхо Умарали Кувватовро чёрный PR карданд. Вокеан пас аз боздошти у номи уро кариб хама расонахои чахони истифода намуда хабараке осода сохтанд.

Ракибони Кувватов дигаронро истифода бурда онхоро (Кувватов баринхоро) ба хар восита зиндони мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)