Қазоқистон барои V-умин кунгураи пешвоёни адёни ҷаҳонӣ омода мешавад
Остонаи Қазоқистон мизбони V-умин кунгураи пешвоёни адёни ҷаҳонӣ мешавад.
Бино ба иттилои расида, ин ҳамоиш зери унвони “Дин ва рушду устувори ҷаҳон” соли 2015 доир мегардад.
Ҳайдар Абуов, раҳбари маркази байналмилалии фарҳанг ва дин гуфтааст, кунгура дар се сол як маротиба дар Остона баргузор мешавад.
Кунгураи IV-ум моҳи майи соли 2012 доир шуда, «Сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ – интихоби инсоният» ном дошт.
“Чанде пештар дар шаҳри Остона ҷаласаи навбатии котиботи кунгура сурат пазируфт. Иштирокдорон натиҷаҳои кунгураи IV-умро баррасӣ намуда, ба масъалаи ҳамкориҳо бо созмонҳои ҷаҳонӣ низ дахл карданд. Ҳамчунин барои дар сатҳи лозим гузаштани кунгураи навбатӣ андешаронӣ сурат гирифт”,-хабар медиҳад торнамои “Ал-РТВ”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |