Пешниҳоди депорти муҳоҷирон барои асноди сохта
Ба Думаи давлатии Русия имрӯз тарҳи қонуне пешниҳод шудааст, ки барои истифодаи асноди сохта аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ ва табааи бешаҳрванд ҷаримаро пешбинӣ мекунад.
Муаллифи ин лоиҳа Олег Нилов, вакил аз ҷиноҳи "Справедливая Россия" будааст, хабар медиҳад ИТАР-ТАСС.
Дар ҳоли ҳозир судҳо дар асоси он ки бархе аз ҳуҷҷатҳо, масалан корти муҳоҷиратро ҳамчун аснод намешиносанд, нисбат ба онҳое, ки чунин санади тақаллубӣ доранд, ҳукми сафедкунанда мебароранд. Дар робита муаллифи тарҳи қонун гуфтааст, мақсаднок мебуд агар дар Кодекси ҷиноӣ феҳрати пурраи санадҳое нашр шавад, ки дар сурати тақаллубӣ буданашон муҷозот пешбинӣ гардад.
Ин тарҳи қонун ҳамчунин ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё афроди бешаҳрвандиеро дар назар дорад, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои будубоши қонунӣ дар қаламрави Русияро надоранд ё онҳо тақаллубиянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |