Бахшҳо
27 сен 2013 09:33Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Шоимардонова ба президент: "Фасодкорӣ дар донишгоҳҳо дурӯғ аст"

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 27-уми сентябр дар ноҳияи Нуробод хишти аввали Коллеҷи муҳандисӣ-техникиро гузошта, дар маросими ифтитоҳи бинои ҳукумати ноҳия иштирок кардааст.

Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон инчунин як маркази савдо ба истифода дода шуд, ки 25 ҷои корӣ дорад: “Як зани соҳибкор дохили Маркази савдо як сехи дӯзандагӣ ташкил кардааст, ки барои 20 духтари маҳаллӣ ҷойи корӣ таъсис додааст.”

Шарифзода мегӯяд, Гулистон Шоимардонова, як соҳибкорзан, ба президент гуфтааст, нуқтаи назари бархе аз мардум, ки гӯиё бе маблағ таҳсили фарзандон ғайриимкон аст, ботил мебошад. “Зеро ман дар таҷриба дидам, ки агар фарзандон аз хурдӣ дониш андӯзанд, метавонанд бе ҳеч гуна хароҷот ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шаванд. Ман як фарзандам дар Донишгоҳи технологӣ ва дуюмаш дар филиали Донишгоҳи Маскав ба номи Ломоносов дар Душанбе таҳсил мекунанд ва духтарчаам имрӯз дорандаи стипендияи президентӣ дар мактаб мебошад”,-афзудааст ӯ.

Ба иттилои сухангӯи президент, баъдан мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Нуробод сурат гирифтааст. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чошанбеи 25-уми сентябр бо як сафари корӣ ба минтақаи Рашт рафта, бо Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик, ҳам гуфтугӯ кардааст.
Мӯҳр
Чаноби Икс
Эээээ биё мон хонум хамин гапатро......Ба Худо касам дар вакти дохилшави дар вакти имтихони давлати ПУЛГИРИ ВУЧУД ДОРАД....Ман ки дидам мегуям.

Салим
Порагири дар идорахои давлати ба як амали ошкорои харруза табдил ёфтааст,ки ин окибати хуб надорад.

орзу
Шумо дурусттар фикр кунед хамон номбурда (хонум) ин суханро ай хоси худаш нагуфтааст...агар росташро мегуфт корхонаашро гайриконуни гуфта ичозати кор нанамедоданша...хай чокна дига???

Не ришва ситони дар ягон идорай хукумати вучуд надорад хусусан дар донишгох. Танхо кумак пули вучуд дорад. Мардуме ки мехоханд дохили донишгох шаванд бояд ба макомот кумак расонанд чаро ки онхо дар хидмати халк ку. Вазифадорон бояд аз мардуми одди фарк кунанд . Сохиби мошини лексус ва хонахой кимат бошанд. Барой мардум барги дарахт кофист.

Донишчуи аълохони яке аз донишкадахои олии шахри Душанбеям. Тобистони соли гузашта буд. Яке аз имтихонхоро супоридани шуда ба имтихон даромадам. Ба тамоми саволхо посухи мусбат дода навиштахоро ба муаллим супоридам.
Муаллим хам эътиррозе накарда гуфт, ки бахоям аъло аст. Лекин гайричашмдошти ман илова кард: "Донишат барои худат ва падару модарат, бирав хакки маро биёр". Ман рафтаму гуфтаашро овардам ва бахои аълоро гирифтам.
Ана ин аст фасоде, ки Шоимардонова "нест" мегуяд

мардон
ин гуломон чизе ки Хоча мехохад шунидан - хамонро мегуянд
пагох мебинед ки гуфтанд - Чаноби Оли - офтоб кабуд аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)