Як сол қабл аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва муттаҳидонаш аз Афғонистон сарусадо дар бораи вазъи марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон бештар гардидааст. То соли 2004 ин марзро сарҳадбонони рус ҳимоят мекарданд ва ҳоло ин вазифа ба дӯши худи мразбонҳои тоҷик вогузошта шудааст. “Озодагон” аз чанд ҳуқуқдону масъулони давлатӣ пурсид, то куҷо бозгашти марзбонҳои рус ба Тоҷикистон имконпазир аст?
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ:
“Вақте сухан дар бораи марзу марзбонӣ меравад, Раёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба он машғул аст ва ин ба салоҳияти мо дохил намешавад. Агар тақвияти ҷузъу томҳо бо техникаву аслиҳа бошад, ин гапи дигар.”
Усмон Солеҳ, раиси шӯъбаи таблиғотии Ҳизби халқӣ-демократӣ:
“Дар вазъияти феълӣ ин барои мо зарурат надорад. Чун ин масъала кайҳо дар сатҳи олӣ ҳал шудааст. Мо имконияту нерӯ дорем, ки сарҳадро худамон нигаҳбонӣ намоем. Дар баробари ин, мо узви СПАД (ОДКБ) ҳастем ва ҳангоми таҳдидҳои берунӣ ба мо кумак мерасонанд ва дар якҷоягӣ ба ҳама зарбаҳое, ки мешавад, муқовимат карда метавонем.”
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ:
“Ягон зарурат барои бозгашти нерӯҳои марзбони Русия ба Тоҷикистон вуҷуд надорад. Баҳонаи ин ки гӯиё баровардани нерӯҳои паймони низомии НАТО аз қаламрави Афғонистон боиси муташанниҷ гардидани вазъ дар кишварҳои ҳамсарҳади Афғонистон ва ба вижа Тоҷикистон мешавад, ягон асоси воқеӣ надорад. Агар ба таърихи масъала мутаваҷҷеҳ шавем, то дирӯз Русия эътироз мекард, ки чаро нерӯҳои ҳарбии Амрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистонанд ва будани онҳо тартиботи ҷаҳонии қаблан муқарраршударо халалдор менамояд. Акнун бар хилофи ин гуфтаҳояшон амал мекунанд. Онҳо имрӯз эҳсос намуданд, ки нигоҳ доштани сулҳу субот дар Афғонистон ва пеши роҳи ғайриқонунӣ паҳн шудани маводи мухаддир, терроризм ва шаклҳои мухталифи зоҳиршавии экстремизм хароҷоти иловагиро тақозо мекунад. Ба андешаи ман, новобаста аз судури нерӯҳои ҳарбии Амрико ва иттифоқчиёнаш аз Афғонистон ва натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин мамлакат доираҳои мушаххаси сиёсие, ки ба қудрат меоянд, ҳадафҳои стратегии худро ба хубӣ эҳсос менамоянд. Аз ҷумла онҳо дарк мекунанд, ки вазифаи аввалиндараҷа ҳалли мушкилоти дохилии Афғонистон, таҳмили низоми ҳокимияти давлатӣ ва паҳн кардани таъсири ҳокимияти марказӣ ба минтақаҳои мухталифи Афғонистон аст. Инчунин ҳалли масоили иқтисод, ҷалби сармояи хориҷӣ ва мусолиҳа миёни аҳзоб ва ҷунбишҳои мухталиф шарти амнияти Афғонистон мебошад. Онҳо медонанд, ки кӯшиши паҳн намудани идеологияи Толибон ва дигар ниҳодҳои ифротгаро бо дарназардошти мухолифати моҳияти онҳо ба аксуламали шадид аз ҷониби САҲА, СПАД ва дигар созмонҳое, ки дар ин хусус Тоҷикистон бо онҳо шартномаҳо дорад, дучор мешавад. Бинобар ин, бо ҳар баҳона баъзе давлатҳо мехоҳанд, ки истиқлолияти сиёсии Тоҷикитсонро маҳдуд кунанд ё ба ҷои ҳалли масоили хислати иҷтимоиву иқтисодӣ дошта ва тақсими ниҳодҳои демократӣ хароҷотро барои нигоҳ доштани мақомоти қудратӣ зиёд кунанд, ки ба манфиати кор нест.”
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ:
“Лозим нест, ба шарте ки сарҳадбонони рус аз дидгоҳи техникиву маслиҳатӣ кӯмак расонанд ва сарбозони мо дар Русия ҳамчун кадрҳои сарҳадбон таълим бигиранд. Имкони бозгашти онҳо вобаста ба вазъияти ҳарбиву сиёсии минтақа аст. Агар вазъият ором бошад, бозгашти онҳо имкон надорад. Аммо агар вазъият ноустувор гардад, ин як ҳолати маҷбурӣ мешавад.”