Талоши ба додгоҳи ҷиноӣ кашидани Ислом Каримов
Бархе аз ҳуқуқшиносони узбак пешниҳод кардаанд, ки аз болои Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, ки беш аз бист сол боз зимоми қудрат дар ин кишварро дар даст дорад, дар робита ба ҳодисаҳои хунини Андиҷон ба додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ шикоят бурда шавад.
Абдуллоҳ Тоҷибой-уғлӣ, яке аз ҳуқуқшиносони Узбакистон, ба мардуми кишвараш гуфтааст, алайҳи Каримов ба хотири ҳодисаҳои 13-уми майи соли 2005 имзо ҷамъоварӣ карда, барои исботи гуноҳҳояш далелҳо низ гирдоварӣ намоянд.
Ҳашт сол пеш, соли 2005 дар шаҳри Андиҷони Узбакистон мардум дар эътироз ба вазъи шадиди зиндагии худ даст ба тазоҳуроти мусолиматомез заданд, ки ба хоку хун кашида шуд.
Рӯзи 11-уми феврали соли 2005 дар Андиҷон 23 тоҷири маҳаллӣ, ки аз онҳо “Акрамиҳо” ном мегиранд ва аз зумраи соҳибкорони маҳбуби мардуми узбак ба шумор мераванд, ба гумони узвият дар ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ муттаҳам шуда, муҳокимаи онҳо оғоз гардид. Мардуми узбак ба хотири пуштибонӣ аз ин соҳибкорон, ки садҳо нафарро бо ҷойи кор таъмин намуда, чандин тани дигарро аз зери чанги гуруснагӣ раҳонида буданд, дар рӯ ба рӯи бинои ҳукумати маҳаллии Андиҷон гирдиҳамоӣ намуданд. Дар аввал шумораи тазоҳургарон 500-600 нафарро ташкил медод.
Рӯзи 13-уми май ин тазоҳурот бо иштироки ҳазорҳо нафар баргузор гардида, мардуми гирдиҳамомада дар майдон мунтазири Ислом Каримов, раисиҷумҳури интихобкардаи худ буданд, ки ба ӯ бовар доштанд. Вале дар он рӯз ба ҷойи ташрифи раисиҷумҳур тазоҳуроти мусолиматомез ба хоку хун аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пулиси ин кишвар кашида шуд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳукумати Ислом Каримовро ба тирпаронӣ алайҳи сокинони осоишта муттаҳам карданд, вале Тошканд гуфт, чунин коре сурат нагирифта, мақомот танҳо тазоҳуроти ғайриқонуниро пахш кардаанду тамом.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |