Нигоҳи ба ҳам зидди ду дӯст ба интихоботу номзадҳояш

Мухтор Боқизода, раҳбари Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон дар саҳифаи Фейсбукаш ба интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ дар Тоҷикистон, ки 6-уми ноябр баргузор хоҳад шуд, дахл намудаву муддаиёни ин курсиро “нолоиқу бемавқеъ” хондааст. Ба гуфтаи ӯ, ин номзадҳо имкони дигаре барои пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълиянд. Аммо Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил, ки бо оқои Боқизода дӯст ва ҳамсол аст, иддаои ӯро рад мекунад. Ӯ дар шарҳе зери навиштаи раҳбари Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон гуфта, ки “дар байни ин ҳама "масхарабозон"-у "ормонкушон" нафаре ҳаст, ки, агарчӣ зан ҳаст, вале омода аст мардонавор бори гарони қисмати мардумро ба дӯши худ гирад ва корвони умеди онҳоро сорбонӣ кунад”.
Беҳтар аст, навиштаҳои ин ду нафар ба шакли асл пешниҳоди хонандаҳои азиз шавад. Шумо низ агар ҳарфе дар ин маврид доред, лутфан ба мо бифристед.
Мухтор Боқизода, раҳбари Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон:
"Ману сари танҳо! Танҳои танҳо! Дар кунҷе нишаставу ба раванди ҳаводиси кишвар дида медӯзам. Интихоботи қарибулвукӯъ. Номзадҳои титу пареш. Масхарабозиву ормонкушӣ, паст задани якдигару берӯиву талоши мансаб. Ё Худоё! Магар онҳо шарм намедоранд? Бо кадом рӯ ва бо кадом иқдом хешро дар мақоми президентӣ дидан мехоҳанд?! Ҳеч аз ин номзадҳо қади арзан барои талош ба ин курсӣ арзише надоранд. Аз ман мепурсанд, ки назарат ба ин номзадҳо чист? Барояшон мегӯям, номзадҳои нолоиқу бемавқеъанд. Ва ин фароҳамоварии имкони дигаре барои пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва ҳар касе ба ин номзадҳо назар меандозад, беист дар худ интихоб мекунад, ки номзади ман аз ин ҳама чеҳраҳои норӯшану номаълуму нолоиқу бемавқеъ боз ҳамон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва ширкати дигарон дар ин маърака ҳамон бузкашони беҳунареанд, ки аз паси соҳиби аспи буз дар даст дошта аз ноилоҷӣ ва барои назарфиребӣ аспи нокораи худро маҳмез мезананд. Интихобот ҳам бузбозӣ шуд, дар майдони сиёсат."
Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил:
"Дӯсту бародари азизам, Мухтор! Он чӣ ту инҷо мегӯӣ, на ту мегӯӣ. Чун ту на он нафаре ҳастӣ, ки дар байни хасу хошоку сангу кулӯх гавҳари қиматбаҳоро дидаву шинохта натавонӣ. Ту ҳамон муборизи роҳи озодиву ободии кишвар ҳастӣ, ки ҳамеша фарзандони фарзонаи ин миллатро мешинохтиву эҳтиромашон мегузоштӣ. Ва ман бовар надорам, ки ту дар байни, ба қавли худат, ин "бузкашон"-и беҳунар шоҳсавореро болои аспи хираду адолат намебинӣ. Намебинӣ, ки дар байни ин ҳама "масхарабозон"-у "ормонкушон" нафаре ҳаст, ки, агарчӣ зан ҳаст, вале омода аст мардонавор бори гарони қисмати мардумро ба дӯши худ гирад ва корвони умеди онҳоро сорбонӣ кунад. Ва ин корро на ба хотири мансабу вазифаву пулу мол ва ё пайдо кардани обрӯи хасакӣ, балки аз рӯи виҷдон ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ иҷро мекунад. Дӯсту бародарам Мухтор! Шояд ин нодидагириву тангназарии туву ту барин дӯстони равшанфикру равшанзамир аз он рух медиҳад, ки ҳар яке дар дохили кулбаи худ ва ё дунёи виртуалии худ руст шуда мондаеду аз ҳаводиси дунёи воқеӣ танҳо тариқи афсонаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон хулосабардорӣ мекунед. Ва ё аз он чӣ "занакои лаби об" мегӯянд хулоса кардаеду ба дили худ яъсу ноумедиро роҳ додаед ва набардро пеш аз вуқуъ шуданаш бохта ғалабаро ба ҳариф ҳадя кардаед. Агар чунин аст, пас, воқеан ҳам Тоҷикистон оянда надорад. Умедворам, ки ман хато мекунаму воқеият чунин нест..."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |