Боздошту раҳоии ҷонибдорони Ойниҳол Бобоназарова

Маъмурони пулиси ноҳияи Фирдавсии Душанбе масъули дафтари Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар ин ноҳия ва гуруҳе аз ташаббускорони ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназароваро баъд аз тақрибан ду соати боздошт раҳо кардаанд.
Насим Раҷабов, масъули дафтари ҲНИТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, гуфт, онҳоро ба гумони қалбакӣ будани мӯҳри раиси ҳукумати ноҳия дар варақаҳои ҷамъоварии имзо боздошт намуда буданд. Вале ба қавли ӯ, “ин шубҳаву гумони пулис дар бинои ҳукумати ноҳия исбот нашуд ва моро ҷавоб доданд”.
Ин ҳодиса баъд аз нисфирӯзи 26-уми сентяр иттифоқ уфтод. Дар ҳоле ки ташаббускорон дар маҳаллаи 63-юми пойтахт машғули ҷамъовраии имзо буданд, маъмурони пулис дар ду мошин онҳоро боздошт карда, барои бозпурсӣ бурдаанд.
Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи ислоҳотхоҳон, дар ҳол ба ин ҳодиса вокуниш нишон дода ва гуфта буд, “умедворем, Шермуҳаммади Шоҳиён барои ҳарчи зудтар озод шудани онҳо ба вазири умури дохилӣ ва ё сардори ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ занг мезанад.” Дар ҳоле ки ба бовари онҳо, “варақа пул набошад, ки сохта бошад. Ба он раиси ноҳия мӯҳр мезанад, баъд гурӯҳи ташаббускорон дар он варақаҳо имзо ҷамъ меоранд. Ақли солим мегӯяд, ки онҳо ин корро ҳаргиз намекунанд, зеро дар охир боз раиси ноҳия он варақаҳоро аз зери назорат мегузаронад.”
Ташаббускорон қабл аз он ки ба ҷамъоварии имзо дар навоҳӣ шурӯъ кунанд, дар варақаҳои махсус мӯҳри раиси ҳукумати ноҳияҳоро мегиранд. Қаблан, ситоди интихоботии Бобоназарова аз он шикоят карда буд, ки баъзе аз роҳбарони шаҳру навоҳӣ бо баҳонаҳои мухталиф аз гузоштани мӯҳр худдорӣ менамоянд. Камбуде, ки масъулони Кумисюни марказии интихобот ҳам онро тасдиқ карда, вале гуфта буданд, ки он ҳалшаванда аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |