Даъвати хориҷиён барои назорати интихоботи 6 ноябр
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ даъват кардааст, то интихоботи президентии кишварро назорат кунанд.
Ин интихобот рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад ва то кунун ҳафт номзад барои дарёфти курсии президентӣ маълум шудаанд, ки дар миёнашон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон низ ҳаст.
Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ ҳам гуфта, ки ин даъватномаро дастрас намудааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар даъватномаи худ навиштааст, “тибқи моддаи 4-и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” иштироки намояндагон ба ҳайси нозирони байналмилалӣ дар ҳайати созмонҳои ҷаҳонӣ пешбинӣ шудааст.”
Дар назар аст, дар интихоботи президентии Тоҷикистон, ҳудуди 700 нозир аз созмонҳои мухталифи ҷаҳон иштирок намуда, ҷараёни интихоботро назорат кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |