Шикояти сокинони Қумсангир: Лимити барқ оғоз ёфтааст?

Бо фарорасии фасли пойиз ё тирамоҳ қатъи интиқоли нерӯи барқ дар бархе аз навоҳии кишвар, бахусус Қумсангир, ба назар мерасад.
Бархе аз сокинони ҷамоати “Ваҳдати миллӣ”-и ниҳояи Қумсангир дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, ду рӯз мешавад, нерӯи барқ дар ин минтақа аз соати 9-и субҳ то соати 6 хомӯш карда мешавад.
Сокинони ин ҷамоат аз хомӯш шудани барқ дар ин минтақа қабл аз фасли сармо иброзӣ нигаронӣ дошта, мегӯянд, агар воқеан ҳам хомӯшкунии барқ оғоз шуда бошад, ин амал метавонад ба зиндагии онҳо таъсири манфӣ расонад. Чун ба гуфтаи онҳо ҳоло дар деҳот мавсими обёрӣ намудани зироатҳо мебошаду қатъи интиқоли нерӯи барқ кори онҳоро "хоҳад кушт".
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик”, мегӯяд, имсол низ лимити барқ дар фасли сармо хоҳад буд. Вале ҳанӯз равшан нест, кай оғоз мешавад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ин вобастагӣ аз боду ҳаво дорад. Ин дар ҳолест, ки бархе овозаҳо миёни мардуми кишвар паҳн шуда буд, ки имсол соли интихоботи президентист ва эҳтимоли ба миён наомадани лимити барқ дар кишвар вуҷуд дорад.
Сокинони манотиқи Тоҷикистон дар шаш моҳи фасли тирамоҳу зимистон аз камбуди нерӯи барқ дар манозилашон ранҷ мекашанд. Мақомот мегӯянд, танҳо дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун лимити нерӯи барқ куллан аз миён бардохта хоҳад шуд. Нерӯгоҳе, ки сохтмонаш бо мухолифати шадиди ҳамсояҳои Тоҷикистон, бахусус Узбакистон, рӯбарӯ шуда, ҳанӯз ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии он аз тарафи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҳам ба поён нарасидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |