Рӯҳонӣ: "Аз эрониён ба амрикоиҳо паёми сулҳ овардаам"

Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN, дар паёме ба забони англисӣ, ба мардуми Амрико гуфтааст, тамоюл дорам ба мардуми Амрико бигӯям, ман сулҳу дӯстиро аз эрониён барои амрикоиҳо овардаам.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Руҳонӣ таъкид кардааст, барномаи дигаре барои дидор бо Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико надорад, "аммо агар фурсате пеш биояд метавонем бо якдигар гуфтугӯ кунем". Ахиран номаҳое байни Обама ва Руҳонӣ радду бадал шудааст ва гумонҳое дар ин бора ба вуҷуд омада, ки раисони ҷумҳури Эрон ва Амрико эҳтимол дидори рӯ дар рӯ дар Созмони Милал, дар шаҳри Ню Йорк, дошта бошанд.
Руҳонӣ ба CNN дар ин бора гуфт, ҳарфҳое дар ин бора сурат гирифтааст ва омодагиҳо барои ин кор низ то ҳудуде анҷом гирифтааст. Вай таъкид кард: “Амрико тамоюли худро барои чунин дидоре нишон дод ва ба таври куллӣ Эрон таҳти шароити хос метавонад иҷозаи чунин дидореро ҳам бидиҳад, аммо бар ин боварам, ки замони кофӣ барои ҳамоҳанг кардани ин нишаст ба таври комил, он тавр, ки мебояд, душвор аст.”
Раисиҷумҳури Эрон дар посух ба ин ки оё иҷозаи мулоқот бо мақомоти амрикоиро доранд, гуфт, фикр мекунам раиси ҷумҳури Эрон ҳар замон, ки манофеи миллии кишвараш дар миён бошад, чунин иҷозаеро дорад: “Раҳбари муаззами Эрон гуфтаанд, агар музокирот барои манфиатхои миллии кишвар лозим бошад, мухолифи музокира нахоҳад буд. Агар имрӯз фурсате ба вуҷуд меомад, ба эҳтимоли хеле зиёд гуфтугӯ сурат мегирифт ва дар навбати аввал бар мавзӯи ҳастаӣ бо таҳаввулоти Ховари Миёна нигаронида мешуд. Бинобар ин, метавонам ба Шумо бигӯям раҳбари муаззами Эрон, ба давлати ман иҷоза додааст, то озодона дар бораи ин мавзӯот музокира кунем.”
Руҳонӣ дар бораи Ҳолокост ё қатли оми яҳудиён гуфтааст, “қаблан гуфтам, ки як муаррих нестам ва замоне ки баҳс дар бораи ҷанбаҳои Ҳолокост ба вуҷуд омад, муаррихон ҳастанд, ки бояд бозтоб аз худ нишон диҳанд. Аммо дар мачмуъ метавонам бигӯям, ки ҳаргуна ҷурме, ки дар таърих алайҳи башарият ба вуҷуд омадааст, аз ҷумла ҷурме, ки фашистҳо алайҳи яҳудиён ва ғайрияҳудиён анҷом додаанд, то ҷое, ки ба мо марбут мешавад, сазовори сарзаниш ва маҳкумият аст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |