Фавти сокинони Бадахшон, Ҳисор, Истаравшан ва Панҷакент дар садамаҳои 25-уми сентябр

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асари садама дар роҳи Душанбе-Хоруғ як сокини ноҳияи Шуғнон ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ронандаи автомашинаи тамғаи «Старекс», Алибеков Назмӣ Давлатбекович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Хоруғ ба самти Душанбе, дар километри 29-уми роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, дар ҳудуди деҳаи Суғдиёни ноҳияи Ваҳдат, бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба канори чапи роҳ баромада, ба девор бархӯрдааст: “Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофирони автомашина, хурдсол Курбонмуҳаммадов Суроғ, соли таваллудаш 2010, Назаршоев Аслам, соли таваллудаш 1995, сокинони ноҳияи Рӯшон ва Каҳҳоров Муҳаммад, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Ҳисор ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.”
ВКД мегӯяд, 25-уми сентябр дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ садамаҳои маргбор рух додаанд. Аз ҷумла 25-уми сентябр ронандаи автобуси мусофиркаши «Кингионг», Камолов Довудхуҷа Нарзиқулович, ҳангоми ҳаракат бо хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, ноболиғ Самеҳов Умед Худойбердиевич, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин худи ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи «Портер», Арипов Муродбек Аброрович, соли таваллудаш 1994, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ленин дар рӯ ба рӯи масҷиди «Ҳазрати-шоҳ» -и шаҳри Истаравшан, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», бархӯрдааст: “Дар натиҷа мусофири автомашина тамғаи «Опел-Астра» Маъмурова Садорат Шуҳратовна, соли таваллудаш 1965, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофирони дигари автомашинаи мазкур, Умарова Иноят Ҷамоловна ва Кодирова Муътабар Асроровна, соли таваллудашон 1965, сокинони ноҳияи Истаравшан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |