Барак Обама: Неруҳои эътилоф вазифаи аслии худро дар Афғонистон иҷро кардаанд
Неруҳои эътилоф вазифаи худро дар мубориза бо шабакаи "Ал-Қоида" дар Афғонистон ба анҷом расондаанд. Ин нуктаро Барак Обама, президенти ИМА зимни суханронӣ дар 68-уми Ассамблеяи генералии СММ иброз доштааст.
Обама гуфтааст, неруҳои эътилоф нақшаи худро оид ба маҳви созмонҳои террористӣ иҷро кардаанд, ҳарчанд боқимондаи онҳо барои сулҳ ва амният хатарзоанд.
Ӯ ҳамчунин афзуда, кишвараш тасмим надорад ҳузури доимии низомиёнро ба Афғонистон дастгирӣ намояд. Дар баробари ин ояндаи наздик ҳамлаҳои ҳавоӣ ва амалиёти ҷангӣ низ маҳдуд хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Барак Обама дар оянда ҳавопаймоҳои бесарнишин танҳо нуктаҳоеро ҳадаф мегиранд, ки мустақиман ба амнияти ИМА дахл дорад.
Дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон наздики 100 ҳазор низомии хориҷӣ ҳузур дорад. Теъдоди ҳарбиёни Амрико, ки шомили неруҳои эътилофанд, 68 ҳазор гуфта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |