Эмомалӣ Раҳмон аз пулиси Рашт хост, намуна бошанд
Субҳи имрӯз, 26-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи сафари корияш ба водии Рашт, дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави шӯъбаи корҳои дохилиро ба истифода дод.
Тавре Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба “Озодагон” иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон ба сифати бино, ки 3 миллион сомонӣ арзиш доштааст, баҳои баланд дода, масъулини умури дохилиро вазифадор намуд то дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз ҳама гунна амалҳои номатлуб, решкан намудани ҷинояту чинояткорӣ маҳорати хуби касбӣ нишон диҳанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкидан ба маъмурини пулиси минтақа гуфтааст, худ низ дар иҷрои вазифаи хизматӣ рафтори намунавӣ дошта бошанд.
Ин таъкиди раисиҷумҳур дар ҳолест, ки водии Рашт ахиран боз бо ду ҷинояти мудҳиш-қатли раиси кони ангишти “Назарайлоқ” ва қатли як кӯдак дар Тоҷикобод вирди забонҳо шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |