Сафири Тоҷикистон ба Чин барқи тозаю арзон пешниҳод кард

Рашид Олимов, сафири Тоҷикистон дар Чин, зимни як конфронс дар мавзӯи ҳамкории Чин бо кишварҳои хориҷ дар умури энергетика, ки бо ҳузури коршиносону тоҷирони аршад оғоз ёфтааст, имкониятҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.
Тавре расонаи маъруфи Чин, “Женмин жибао” рӯзи 25-уми сентябр хабар медиҳад, суханронии Рашид Олимов дар ин конфронс таваҷҷуҳи нисбатан зиёдро ба худ ҷалб кардааст. Олимов зарфияти энергетикии дарёҳои хурд, миёна ва калони Тоҷикистонро барои ҳозирин муаррифӣ карда, таъкид намудааст, ки бунёди нерӯгоҳҳо дар ин дарёҳо таъсире ба таъминоти об дар ҳавзаи баҳри Арал нахоҳад дошт. Аз ҷумла сафири тоҷик таъкид намудааст, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 2,5 ҳазор дарё ва дарёча ва зиёда аз 1000 кӯл ҷойгир буда, дар сурати ҳамкории самараноки байналмилалӣ то соли 2020 иқтидори содиротии Тоҷикистон метавонад ба 30 миллиард кВт/соат барқ расад. Ба гуфтаи Олимов рушди гидроэнергетикаи Тоҷикистон барои муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисоди сабз мусоидат хоҳад кард.
Сафири Тоҷикистон бо зикри имкониятҳои бузург дар ҳузури коршиносону тоҷирони аршади Чин эҳтимоли бунёди хатти интиқоли барқ миёни Тоҷикистону Чинро ба миён гузоштааст. Ӯ ҳавасмандии Тоҷикистонро барои ҳамкории бештар бо Чин дар истифодаи захираҳои энергетикӣ баён дошта, афзудааст, ки махсусан дар пасманзари рушди ноҳияи Шинҷон ин ҳамкорӣ ба фоидаи тарафайн хоҳад буд: “Нерӯи аз нигоҳи экологӣ тоза ва арзони дарёҳои Тоҷикистон метавонад барои рушди минтақаҳои ғарбии Чин саҳми назаррас гузорад.”
Бо зикри лоиҳаҳои мавҷудаи Чину Тоҷикистон Рашид Олимов даъват намудааст, ки ҳамкорию сармоягузориҳо ба энергетикаи Тоҷикистон афзоиш ёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |