Мақомот чаҳор масҷиди панҷвақтаро чойхона карданд
Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд 4 масҷиди панҷвақта ба чойхона табдил дода шудааст. Акмалҷон Эркабоев, намояндаи Кумитаи дин дар ҷамоати Ориёни ноҳияи Ашт, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз 8 масҷиди ин ҷамоат танҳо 4-тои онҳо аз қайди давлатӣ гузашта, боқимонда ҳамчун чойхона ба қайд гирифта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз сокинони ҷамоати Ориён, ин чаҳор масҷид аз тарафи раҳбарияти ҷамоати мазкур иҷборан ба чойхона табдил дода шудааст. “Ин масҷидҳоро раиси ҷамоат худсарона бо тариқи зӯрӣ барои чойхонаи деҳа додааст”,-гуфт як сокини Ориён, ки нахост номаш ифшо шавад.
Дар чанд соли охир мақомот аксар масоҷиди панҷвақтаеро, ки ба унвони ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият доштанду аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, ё ба дарашон қуфл зада ва ё ба чойхона табил дода буданд. Аммо намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, онҳо ҳаргиз талош намекунанд, як масҷиди ободу расмиро ба чойхона ва ё ягон идора табдил диҳанд.
Баръакс, ба гуфтаи Солеҳ Завқибеков, сардори Раёсати иттиҳодияҳои диниии Кумитаи дин, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 64 масҷиди нав дар қаламрави кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки озодона фаъолият доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |