АКС: “Сикво”-и шинондаи президентро барканданд
Яке аз сиквоҳои калифорнӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, моҳи марти соли равон дар назди бинои нави Вазорати умури хориҷӣ дар маркази Душанбе шинонда буд, хушк гардида, ахиран барканда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон 15-уми марти соли равон, дар рӯзи ифтитоҳи бинои нави Вазорати умури хориҷӣ бо ҳузури собиқадорони дипломатияи тоҷик, ду дарахти 50-солаи сиквои калифорнӣ шинонда буд, ки гуфта мешуд, ин дарахтони бузургҷусса зиёда аз 3 ҳазор сол умр мебинанд. Айни ҳол аз ин дарахтон танҳо яке сабз шудаасту халос.
Ин дар ҳолест, ки чунин дарахтони хориҷиро раисиҷумҳури Тоҷикистон имсол инчунин дар назди Кохи Борбад низ шинонда буд, ки хушк шудаанд.
Дар Тоҷикистон хушкшавии дарахтон, ки ҳамасола даҳҳо ҳазор адад шинонда мешавад, ба як мушкили мубрам табдил ёфтааст ва таъкид мешавад, ки аз омори расмӣ дар мавриди теъдоди дарахтони шинонанда, танҳо қисми камаш сабз мешаванду халос.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |