"Телевизионҳо ба минбари тарғиби фаҳшу фуҷур табдил ёфтаанд"

Се созмони журналистии Тоҷикистон рӯзи 25-уми сентябр бо пахши як изҳорот барномаҳои охири шабакаҳои давлатии телевизионӣ, аз ҷумла “Баҳористон”-ро дур аз меъёрҳои касбии журналистӣ хонда, аз раҳбарияти кишвар талаб кардаанд, ба ин масъала баҳои ҳуқуқӣ диҳад.
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Шӯрои васоити ахбори омма ва Медиа-Алянс мегӯянд, вақтҳои охир шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон, бахусус шабакаи кӯдаконаи «Баҳористон» ба намоиши барномаҳое иқдом кардаанд, ки обрӯ, шаъну эътибор ва иффату фарҳанги миллӣ ва имиҷи Тоҷикистонро дар назари шаҳрвандони кишварҳои дунё поин бурдааст.
Ба гуфтаи ин се созмони журналистии Тоҷикистон, кормандони эҷодии шабакаҳои давлатии телевизиони кишвар «оинаи нилгун»-ро ба як минбари ташвиқу тарғиби фаҳшу фуҷур табдил додаанд: “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро низ сарфи назар намудаанд.” Дар ин изҳороти созмонҳои мазкур омадааст, намоиш додани филми “Пойбанди нафрат” аз тариқи шабакаи телевизионии “Баҳористон”, шабакае, ки ба кӯдакон бахшида шудааст, аз ғайрикасбӣ ва қонуннописандии дастандаркорони шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Созмонҳои журналистии Тоҷикистон мегӯянд, қазияи дар филми мазкур ба навор гиифташуда дар ҷомеаи тоҷик ҳамеша маҳкум шудаасту хоҳад шуд: “Вале шабакаҳои давлатии Телевизион, аз ҷумла «Баҳористон», бо намоиш додани чунин барнома меъёри конститутсионии дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуҳои фитрии инсон, ҳаққи қонунии кӯдакон ва наврасон оид ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, маҳрамона будани асрори ҳаёти кӯдакон ва амсоли онҳоро дағалона поймол намуданд.”
Журналистҳои тоҷик афзудаанд, намоиш додани чунин барномаҳо дар арафаи маъракаи интихоботи президентӣ, мақсади муайяни сиёсӣ дошта, бар зидди рақибони сиёсӣ равона шудааст: “Дар ин росто, баҳри расидан ба ҳадаф, ба бозиҳои сиёсӣ кашидан ва ё истифода бурдани кӯдакону наврасон тангназарӣ ва камоли ноҷавонмардист. Ин дар ҳам ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи идонаи бахшида ба 22-юмин солгарди истиқлоли кишвар аз ҳамаи он довталабони эҳтимолие, ки номзадии худро гузоштанианд, даъват намуд, то “фарҳанги волои сиёсиро риоя карда, ин маъракаи муҳимро ба майдони моҷароҷӯӣ ва ҳангоматалабӣ табдил надиҳанд.”
Маврид ба зикр аст, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 20-уми сентябр филми вижаи “Пойбанди нафрат”-ро намоиш дод, ки дар бораи куштори Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола аз сӯи Сомон Муҳаббатови 20-сола ҳикоят мекунад. Ин ҳодиса моҳи июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт иттифоқ уфтода, гумонбар ин навраси 8-соларо баъд аз задани 10-12 кордча ба пушташ, ба номуси ӯ дастдарозӣ мекунад. Дар ин филм асосан Сомон Муҳаббатов дар бораи чигуна ба қатл расондани Абдусалом ва таҷовуз шуданаш аз сӯи баъзе “мударрисон” қисса мекард. Вай дар ин навори видеоӣ худро донишҷӯи курси сеюми факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва узви Ҳизби наҳзати исломӣ муаррифӣ намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |