Демократҳо 52 000, коммунистҳо 5 500 имзо ҷамъ овардаанд
Ситоди интихоботии номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯянд, ба қадри тавони худ ба тарафдорияшон имзо ҷамъоварӣ мекунанд. Онҳо ҳамагӣ то ҳафтуми октябри соли ҷорӣ фурсат доранд, ки 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намуда, баъдан ба Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод карда, худро сабти ном намоянд.
Агарчӣ то кунун ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи ислоҳотхоҳон, аз монеагузории мақомот барои ҷамъоварии имзо борҳо изҳори ташвиш карда буд, вале ситоди интихоботии номзадҳои дигар мегӯянд, корашон бидуни мушкили хосе пеш меравад. Бо ин ҳол, аз рӯи ҳисоби имзоҳое, ки то имрӯз ҷамъоварӣ шудааст, Ҳизби демократи Тоҷикистон зоҳиран дар сафи пеш аст. Сайидҷаъфар Исмонов, раиси ин ҳизб ва номзад ба мақоми президентӣ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 52 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардаанд. Ба қавли ӯ, асосан дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб ва Душанбе ҷамъоварии имзо аз ҷониби намояндагони ҳизбашон идома дорад.
Исмоил Талбаков, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, то 25-уми сентябр онҳо ҳамагӣ 5,5 ҳазор имзо ҷамъ намудаанд. “Мо ба қароре омадем, ки ҳар як коммунист 5 овоз ҷамъ мекунад ва аз рӯи ҳисобу китоби мо 225 ҳазор имзо ҷамъ хоҳад шуд. Дар аввал коммунистҳои мо гуфтанд, ки ҳар яки онҳо имкони зиёда аз 5 имзо ҷамъ карданро доранд, вале мо гуфтем, агар панҷ имзоӣ ҷамъ оваранд, кофист.”
Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва номзад ба мақоми президентӣ, гуфт, азбаски анҷумани онҳо нисбат ба дигар аҳзоб дертар баргузор шуд, аз ин рӯ, ҳоло имзоҳои ҷамъовардаи худро нашумурдаанд. “Баъд аз 1-2 рӯз маълум мешавад, ки чӣ миқдор имзо ҷамъ шудааст”,-гуфт ӯ.
Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистӣ ва номзад ба мақоми президентӣ, мегӯяд, то ҳол рӯйхати пурраи ҷамъоварии имзо аз минтақаҳо ба дасташ нарасидааст. Вай илова кард, “то рӯзҳои шанбе-душанбе маълум мекунем, ки чи қадар имзо ҷамъоварӣ шудааст. Ҳоло якеяш мегӯяд, 50 ҳазор, дигаре 100 ҳазор ҷамъоварӣ намудем, вале дар маҷмӯъ дақиқ нест ҳоло. Аммо то кунун дар Ҳисор 10 ҳазор, дар Рӯдакӣ 5 ҳазор, дар Шаҳринав 4 ҳазор имзо ҷамъ шудааст. Бачаҳои мо кор мекунанд.”
Амир Қароқулов, раиси Ҳизби аграрӣ, ки ахиран номзадии муовинаш Толиббек Бухориев ба мақоми президентӣ пешниҳод шуда буд, гуфт, ҳисоби дақиқи имзоҳоро намедонад. Мусоҳиби мо танҳо ҳаминро қайд намуд, ки ба минтақаҳо барои ҷамъоварии имзо намояндагони худро фиристодаанд: “Дар кумитаҳои ҳизб дар ҳама минтақа ва шаҳру ноҳияҳо корҳо дар ин самт идома доранд.”
Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова ҳам мегӯяд, бо вуҷуди мушкилҳо ҷамъоварии имзо идома дорад, вале то ҳол ҳисоби дақиқи он маълум нест. Вале сайти Ҳизби наҳзати исломӣ субҳи 25-уми сентябр навишт, ки то ҳоло ин ситод шаш ҳазор имзо ҷамъоварӣ намудааст.
Ҳарчанд номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ба ҳайси номзад аз тарафи Ҳизби халқӣ-демокртӣ пешниҳод нашудааст, аммо намояндагони ин ҳизб гуфта буданд, 210 ҳазор имзоро дар ду соат ҷамъ хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |