Боздошти гуруҳи “Алик-Малик”-боз дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти гуруҳе хабар медиҳад, ки дар Душанбе тариқи бозии “Алик-Малик”, бо фиреб маблағи шаҳрвандонро соҳиб мешудаанд.
Ба иттилои манбаъ ин боздошт баъди он сурат гирифт, ки ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино, Қурбонов Қурбоналӣ Рамазонович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, муроҷиат намуда арз доштааст, ки рӯзи 21-уми сентябри соли равон дар бозори фурӯши мошинҳо дар маҳаллаи Гипрозем шахсони номаълум ӯро ба бозии «Алик-Малик» даъват менамоянд: “Қурбонов бозиро, ки ба воситаи 3-адад стакони пластикӣ ва як шарик сурат мегирад, тамошо кардааст, вале аз бозӣ кардан дар он даст мекашад. Аммо ташкилкунандагони бозӣ, ки шумораашон ба 5-6 нафар мерасид, ӯро ба ҳалқа иҳота карда, аз ҳамёни дар дасташ буда, ошкоро ва маҷбурӣ маблағи 700 доллари амрикоӣ ва 200 сомониашро гирифтаанд ва 1 адад стаконро, ки медонистанд, дар дарунаш ҳеч чиз нест мекушоянд ва бозиро бохтӣ гуфта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.”
Ба иттилои ВКД ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони ғоратгарӣ шаҳрвандон, Шарипов Аҳмадҷон Егиевич, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Рудакӣ, Баротов Муродалӣ Тошмуродович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Восеъ, Зокиров Воҳид Абдуҳамидович, соли таваллудаш 1980, Раҳимов Фирдавс Сайвалиевич ва Кузаев Руслан Элбрусович, соли таваллудашон 1991, сокинони шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд ва айни ҳол нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки чунин гуруҳҳо, ки тариқи се стакон ва як шарик маблағи шаҳрвандонро аз худ мекунанд, дар кӯчаҳои пойтахт зиёд ба назар мерасанд ва баъзан дар зери чашми мақомот мардумфиребӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |