Эшони Маҳмудҷон дар бораи "бардорад зам кун, набардорад - кам"
Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, яке аз рӯҳониёни саршиноси тоҷик, мегӯяд, тоҷирон дар мавриди нархгузории моли ба фурӯшбаровардаи худ аз нигоҳи Ислом ихтиёр доранд.
Эшони Маҳмудҷон дар посух ба суоли яке аз корбарони Turajon.org, торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо гуфтааст, фурӯшандаҳо қимати моли худро чӣ қадаре мехоҳанд, изофа кунанд, ҷоиз аст. Ин рӯҳонии сарнишоси кишвар сухани худро тавзеҳ дода, таъкид кардааст, ин амал дар сурате аз нигоҳи Ислом раво дониста мешавад, ки нархи ҳамон мол дар бозор муайян набошад ва эҳтимоли каму зиёд шудан дошта бошад.
Вале ба гуфтаи ин рӯҳонии тоҷик, агар моле нархаш дар бозор муайян бошаду фурӯшанда нархи онро аз нархи бозор бидуни огаҳии харидор гарон фурӯшад, пас, дар ин сурат, ин амал ҷоиз нест. “Чун фиребкорӣ маҳсуб мешавад”,-гуфтааст ӯ.
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир, бахусус наздикшавии рӯзҳои ид ва моҳи Рамазон масъалаи нархгузорӣ шудани молҳо аз сӯи тоҷирон миёни шаҳрвандони Тоҷикистон эътирозҳоеро ба миён меорад. Сокинони шаҳру навоҳии кишвар мегӯянд, дар бархе маврид тоҷирон нархи моли худро ба хотири наздикшавии рӯзҳои ид беасос ду чанд боло мебаранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |