Кумаки бебозгашти Қазоқистон ба артиши тоҷик

Қазоқистон ба таври ройгон ба артиши Тоҷикистон таҷҳизоти ҳарбӣ кумак мекунад.
Парлумони Қазоқистон лоиҳаи қонунеро дар мавриди тавофуқи Душанбею Остона барои кумаки бебозгашти ҳарбӣ-техникӣ ба баррасӣ гирифтааст. Ин тавофуқнома дар доираи сафари расмии Одилбек Ҷақсибеков, вазири дифои Қазоқистон дар нимаи аввали моҳи апрели соли ҷорӣ ба Тоҷикистон миёни вазоратхонаҳои ин ду кишвар ба имзо расида буд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфта буд, Тоҷикистон барои ҳимояти марзҳояш бо Афғонистон теъдоди кофии низомиёнро дорад ва кишварҳои СПАД танҳо дар доираи имконияташон ба Тоҷикистон таҷҳизот ирсол хоҳанд кард.
Бордюжа изҳор дошт, ки кишварҳои СПАД номгӯйи таҷҳизотеро, дар доираи имконияташон метавонанд ба Тоҷикистон диҳанд, таҳия хоҳанд кард: “Аз ҷумла Русия силоҳ ва Белорусия дурбину таҷҳизоти назоратиро ба Тоҷикистон хоҳад дод. Кишварҳои дигар низ таҷҳизотеро, ки барои пешгирии убури марзи Тоҷикистону Афғонистон мусоидат мекунанд, ироа хоҳанд кард.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |