Як умр дар ғами “крыша”. Ё кай мо хушбахт мешавем?
Донишгоҳи амрикоии Миссисурӣ дақиқ кард, ки асоситарин рукни пешравии иқлими бозорӣ, ин шаффофият ва бовиҷдон будани ҳукуматҳост. Аз рӯи
пажӯҳиши ин донишгоҳ, ҳукуматҳо набояд миёни соҳибкорон, нафарони “писандида” ва “нописандида” дошта бошанд. Аммо дар кишвари мо
мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чунин нест.
Соҳибкорони “бечора” кӯшиш мекунанд, бо ҳукумат “хешутаборӣ” кунанд. Ба касе махфӣ нест, ки дараҷаи пешрафти соҳибкориро дар кишвари мо на кордониву тавоноӣ, балки “пуштҳо”(крыша) дақиқ менамоянд. Дар кишварҳои пасошӯравӣ, ду навъи “пушт” вуҷуд дорад – пушти давлатӣ ва пушти олами ҷиноӣ. Соҳибкорони мо “пушти давлатӣ”-ро бештар меписанданд. Чӣ тавре ки таҷриба нишон медиҳад, нафарони дорандаи чунин “пушт”, одатан намешикананд ва дар нимароҳ намемонанд. Аммо “пуштдорон” ҳам ҳарос доранд, ки Худое накарда ба ғазаби ҳокимият гирифтор нашаванд.
Ёд дорам, замоне буд, ки ҳамаи сокинони пойтахти Тоҷикистон, ширкати “Орима”-ро мешинохтанд ва раисаш Маъруф Орифов ҳамчун намуна муаррифӣ мешуд. Бисёриҳо аз кордонии бародарон Алиматовҳо завқ мекарданд. Онҳо дар як ҷои хушку холӣ корхонаи замонавӣ ташкил карданд, ки алкоҳоли сифати аъло ва дигар нӯшокиҳоро бо номи “Сим-Сим” мебароранд. Дар бораи кордонии акнун собиқ раиси корхонаи спиртбарории шаҳри Исфара, Низомхон Ҷӯраев, ки қариб ҳамаи Тоҷикистонро бо маҳсулоташ таъмин мекард, асотирҳо шунида мешуданд. Дар симои раиси ширкати “Мовароуннаҳр”, Ҷӯрабек Охунов, ки сохтмонҳои 20 сол пешсохтаи ноободро таъмир карда ба сокинони кишвар бо нархи нисбатан арзон пешниҳод менамуд, мардум як наҷотбахши худро дида буданд. Аз он ки ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” ба қатори беҳтарин ширкатҳои муваффақи ҷумҳурӣ табдил ёфтанд, бисёриҳо инро хизмати собиқ мудири ин ширкатҳо, Умаралӣ Қувватов медонанд, ки ҳоло дар зиндони Дубай қарор дорад. Вақтҳои охир Зайд Саидовро ҳамчун нишонаи муваффақият барои мисол намуна меоварданд. Замоне ба ӯ нишону
орденҳои давлатӣ месупориданд. Акнун ӯро мехоҳанд ба маҳбас бикашанд.
Ҳамаи ин соҳибкорони маваффақи дар боло зикршударо як чиз ба ҳам мепайвандад. Як кор, як парвандаи умумӣ. Ҷиноят. Тахмин зада мешуд, ки ин соҳибкорон “пушт”-и давлатӣ доранд. Аммо чуноне, ки дар боло қайд шуд, гирифтори ғазаби ҳукумат гардиданд. Дар муқоиса бо Ҷӯраев ва Саидов, ки онҳоро мехоҳанд барои дарозмуддат ба маҳбас бикашанд, Умаралӣ Қувватов шонси наҷот ёфтанро дорад. Агар додгоҳи Аморат хостаҳои ҳукумати Тоҷикистонро нисбат ба ӯ раво набинад.
Барои чӣ маҳз соҳибкорони муваффақ, онҳое, ки мустақилият ва манфиати худро назди ҷомеа мехоҳанд исбот кунанд, зери фишор қарор мегиранд? Агар воқеият чунин аст, барои Тоҷикистон роҳи пешрафт баста шудааст. Хеле монеаҳо зиёд шудаанд. Ин роҳ ба иқтисоди кишвар зарари хеле вазнин мерасонад. Аз ҳамаи ин нафарон, танҳо Алиматов, аз ҳама дороиаш маҳрум нашуд. Ҳоло истисно танҳо Зайд Саидов аст. Худое накарда, ӯ ҳам тақдири ҳамкорони худро бубинад. Муҳим нест як иқтисоддони сатҳи олӣ буд, ки нақши соҳибкориро дар бозори иқтисодӣ бифаҳмӣ. Мо нафасро бо як зӯрӣ аз ниқоби нафаскаш (кислородная маска) кашида истодаем. Ин нафаси сунъиро мо аз хориҷ мегирем. Аз муҳоҷирон. Ин роҳ моро то ба куҷоҳо мебарад, решаи он куҷост?
Таърихшинос Ҷеймс Адамс, ки рисолаи “Орзуи амрикоӣ”-ро дар замони “Касодии (рӯҳафтодагӣ) бузург” навиштааст, чунин мегӯяд: “Орзуи амрикоӣ ин аст, ки ҳар як нафар бояд сер, пур ва бой зиндагӣ кунад. Ҷое, ки онҷо кас тавонад соҳиби иззату эҳтиром бишавад”. Ин орзуи амрикоӣ дар як муддати на чандон тўлонӣ амалӣ шуд. Халқи мо ҳам мисли дигар халқҳо орзу дорад. Орзуи зиндагии шоиста. Зиндагие, ки аз шароитҳои аввалин дараҷа бархӯрдор бошад. Чунин зиндагиро халқи азияткашидаи мо сазовор аст. Савол инҷост, ки кай орзуҳо халқи мо амалӣ мешаванд?
Алӣ Мастов,
таҳлилгар
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |