“Файнаншел Таймз”: Пешниҳоди Эрон фурсате дипломатӣ ба Обама медиҳад
Як рӯзноманигори англис, мушкилоти давлати Обама барои руёруӣ бо руйкарди давлати ҷадиди Эронро мавриди баррасӣ қарор дода аст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, рӯзномаи “Файнаншел Таймз” дар гузорише дар бораи Эрон навиштааст, пешниҳодҳои Эрон фурсате дипломатӣ ба Обама медиҳад.
Ин рӯзномаи англисӣ менависад рафтуомади паёмҳое байни мақомот Эрон ва Амрико дар ҳафтаи гузашта боис шуда, чашмандозҳои дидори таърихӣ байни раиси ҷумҳури ду кишвар боло равад, ҳатто агар ин дидор ба шакли як даст додани гузаро дар роҳравҳои Созмони милал бошад.
Як мақоми аршади ғарбӣ, дар бораи музокироти Эрон ва кишварҳои ғарбӣ ва ҳалли муноқишоти дерпо байни ин кишварҳо, ба ин рӯзнома гуфта аст: дар Ғарб, мардум аз гузоштани имтиёзҳои ҷадид руи миз бисёр асабӣ хоҳанд шуд, чун онҳо метарсанд, ки эрониҳо ин имтиёзотро бастабандӣ карда ва тақозои имтиёзоти бештаре кунанд.
“Файнаншел Таймз” пас аз тарҳи ин иддао, ки мавзеъи мақомоти эронӣ дар баҳси барномаи ҳастайии ин кишвар тағйир карда, ин руйдодро мавзуъе дониста, ки барои Обама хам хатарот ва ҳам фурсатҳое ба дунбол дошта аст.
Ин рӯзнома менависад, тағйирот аз ҷониби Эрон, барои Обама ҳам фурсати ҳаётӣ падид овардаанд ва ҳам хатароти қобили мулоҳизае доранд. Бо он ки ӯ гуфта, агар лозим бошад аз зур барои пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба бомб истифода хоҳад кард, Обама хоҳони он буд, ки ба ҳар қимате аз ҷанги дигаре дар Ховари Миёна пешгирӣ кунад.
Ин гузориш меафзояд, дар ҳамин ҳол агар ӯ ба ин муътақид бошад, ки метавон бо Теҳрон тавофуқе дошта бошад, ниёз хоҳад дошт то ҳам Исроил ва ҳам конгресси Амрикоро, ки ба шиддат ба Эрон бо диди шубха менигарад, бо худ ҳамроҳ кунад.
Илова бар ин, ба андешаи “Файнаншел Таймз” мақомоти амрикоӣ медонанд, ки агар Руҳонӣ давлатҳои дигарро мутақоид кунад, ки ба анҷоми музокироти ҷиддӣ тамоюл дорад, онгоҳ иҷрои таҳримҳои сахтгиронаи байналмилалӣ алайҳи саноати нафт ва бонкдории Эрон, бисёр душвор хоҳад буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |