Пешниҳоди сабукиҳо ба Роҳи оҳан ва "Тоҷикаэронавигатсия"
Ҳукумати Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод кардааст, ба қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2013 тағйиру иловаҳо ворид гардида, таҷҳизоти нав барои корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, “Тоҷикаэронавигатсия” ва корхонаи қолинбофии Қайроқум аз пардохти боҷи давлатӣ озод шаванд.
Тибқи иттилои ҳукумат ин сабукиҳо боис мешаванд, ки вазъи техникии корхонаҳо беҳбуд ёфта, ҷойҳои кории иловагӣ ташкил гарданд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран вазъи техникию санитарии қаторҳои Тоҷикистон мавриди интиқоди шадиди мақомоти Русия қарор гирифтанд ва ҳатто пешниҳод шуд, ки ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон ба Русия манъ карда шавад. Дар пайи ин сарусадо мудирияти “Роҳи оҳани Тоҷикистон” таҷдиди техникаи корхонаро вусъат бахшид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |