Чоршанбе, 2 Апрел 2025
АКС: Холов ба наврасони Душанбе 28 маҳфили ройгон пешниҳод кардааст
Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, барои ҷалби наврасони пойтахт ба маҳфилҳои забони англисӣ, арабӣ, русӣ, радиоэлектроника, технологияи компютерӣ, конструктери наврас, рӯзноманигорӣ, шоҳмот, дӯзандагӣ ва ғайра “Рӯзи дарҳои кушод” эълон кардааст.
Комилҷон Холов, директори Макази мазкур дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳар сол дар аввали соли хониш барои ҷалб намудани кӯдакону наврасон ба маҳфилҳои Марказ чорабинии махсус бо номи “Рӯзи дарҳои кушод” гузаронида мешавад.
Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе” ҳамчун муассисаи таҳсилоти иловагӣ барои тадбиқи ҳуҷҷату барномаҳои давлатӣ дар самти корҳои тарбиявӣ фаъолияти худро амалӣ месозад. Яке аз самтҳои фаъолияти марказ фароҳам овардани шароит барои тарбия ва ташаккули зеҳниву ҷисмонии кӯдакону наврасон ва дар ин замина баланд бардоштани маърифатнокии онҳо арзёбӣ мешавад. Масъулини Марказ магӯянд, ҳоло 28 намуди маҳфилро пешкаши наврасон кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |