31 ҷангҷӯ шомили барномаи оташбаси миллӣ шудааст
Дар музофоти Нангархори Афғонистон 31 ҷангҷӯ ба барномаи оташбаси миллӣ пайвастааст. Дар ин бора расонаҳои хабарии давлати исломӣ иттилоъ додаанд.
Бино ба хабарҳо ин размандаҳо, ки дар маҳаллаҳои Ачин, Назян ва Батикот ба амалиётҳои зидди ҳукумат машғул будаанд, баъди музокирот бо кормандони раёсати амнияти миллӣ ва Шӯрои олии сулҳ тасмим гирифтаанд, ба ҷониби ҳукумат гузаранд. Онҳо 26 адад силоҳу аслиҳаро ба мақомот таслим кардаанд.
Гулоғо Шерзой, волии музофот аз тасмими ин афрод истиқбол намуда, аз ҷангҷӯёни дигар ҳам даъват кардааст, ба барномаи оташбаси миллӣ ҳамроҳ шаванд.
Гуфта мешавад, аз ин пештар дар вилояти Ғор 30 ҷангҷӯи “Толибон” аслиҳаи худро супурдаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |