Назарпурсӣ: 75%-и тоҷикистониён ҷонибдори узвият дар Иттиҳоди гумрукиянд

Бонки авруосиёии рушд зимни як назарпурсӣ муайян кардааст, ки миёни сокинони Тоҷикистон ҳамооиш ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Минтақаи ягонаи иқтисодӣ пуштибонҳои зиёд дорад.
Тибқи назарпурсии Бонки авруосиёии рушд ва Оҷонсии байналмилалии тадқиқотии “Монитори Авруосиёӣ”, ки миёни 14 ҳазор нафар дар қаламрави кишварҳои ИДМ гузаронда шудааст, дар Тоҷикистон 75 дарсади пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки ҷонибдори пайвастшавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ ва минтақаи ягонаи иқтисодиянд. Дар Узбакистон теъдоди ҷонибдорони ин ҳамоиш 75 дарсад, Украина-50 дарсад, Молдавия-54 дарсад, Белорусия-65дарсад, Қазоқистон-75дарсад ва дар Русия 67 дарсадро ташкил медиҳад.
Айни ҳол ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Минтақаи ягонаи иқтисодӣ, Русия, Белорусия ва Қазоқистон аъзо буда, Қирғизистону Тоҷикистон дар арафаи пайвастшавӣ ба ин созмонанд. Дар доираи ин созмонҳо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ният дорад, Иттиҳоди Авруосиёро низ ташкил кунад, ки ҳаракати озоди шаҳрвандон, мол ва сармояро дар қаламрави кишварҳои узв таъмин мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |