Чор голи «Барселона» ба дарвозаи ҳариф
Тими “Барселона” шоми рӯзи 24-уми сентябр дар доираи даври шашуми мусобиқаи қаҳрамонии Испания дастаи «Реал Соседад»-ро мағлуб кард.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Барселона” баргузор шуда, 4:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 4-ум ҳамлагари “Барселона” Неймар боз кард. Ҳамагӣ баъди се дақиқаи дигар Лионел Месси туби дуюмро вориди дарвозаи «Реал Соседад» намуд. Дар дақиқаи 22-юм Серҷи Бускетс голи сеюми “Барселона”-ро зад.
Голи ягонаи «Реал Соседад» дар дақиқаи 64-ум зада шуд. Муаллифи он Алберто де ла Беля буд. Голи чоруми “Барселона” бошад, дар дақиқаи 76-ум аз сӯи Марк Бартра ба нишон расид.
Дар пайи шаш бозӣ “Барселона” бо 18 имтиёз дар садри ҷадвал аст. Атлетико, ки панҷ бозӣ анҷом дода ва 15 хол дорад, дар зинаи дуюм нишастааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |