Кӣ ҳақ мегӯяд: Зоиров, КМИР, ФМС ё Хадамоти муҳоҷират?

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони ин кишвар дар Русияро камтар аз омори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ФМС) донист.
Ин ниҳод гуфт, аз аввали соли ҷорӣ то 10-уми сентябр 625 ҳазору 481 муҳоҷири кории тоҷик ба Русия рафтаанд. Ба қавли Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират, “агар шумораи донишҷӯён, сайёҳон ва тоҷирони тоҷик дар Русияро ба болои теъдоди муҳоҷирони корӣ зам намоем, шумораи онҳо 773 ҳазору 491 нафарро ташкил медиҳаду тамом.”
Баҳси теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар остонаи интихоботи президентии Тоҷикистон ба миён омад. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ зимни як суҳбаташ вобаста ба иштироки муҳоҷирон дар интихоботи президентии рӯзи 6-уми ноябри соли ҷорӣ теъдоди муҳоҷирони тоҷикро дар Русия 800-900 ҳазор нафар гуфта буд. Иттилое, ки баъдан Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пас аз сафараш ба Русия ва мулоқоташ бо мақомоти ин кишвар “беасос ва дурӯғ” номид.
Ахиран Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҳам бар хилофи омори мақомоти Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русияро бештар аз як миллион нафар эълон кардИн ниҳод гуфт, “дар қаламрави Русия расман 1 миллиону 229 ҳазору 324 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки аз ин 1 миллиону 52 ҳазору 295 мард ва 177 ҳазору 29 зан мебошанд ва аз ин ҳисоб беш аз 1 миллиону 100 ҳазор нафарашон ҳаққи овоздиҳӣ доранд.”
Аммо Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ин оморро қабул надорад. Абдулло Қодирӣ гуфт, ин айби Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия аст, ки як муҳоҷири тоҷикро дар тӯли як сол чаҳор бор ба қайд мегирад ва аз ин рӯ шумораи муҳоҷиронро бештар нишон медиҳад. Ба таъкиди ӯ, “бештари муҳоҷирони корӣ барои он ки баъд аз анҷоми муҳлати будубошашон берун ё маҷбуран берун карда нашаванд, Русияро тарк карда, боз вориди ин кишвар мегарданд ва такроран ба қайд гирифта мешаванд, ки ин омил боиси ихтилофи омор миёни ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистону Русия шудаааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |