Фирори ронандае, ки сокини 59-солаи Ғончиро бо мошин пахш кард (АКС)
Пулиси шаҳри Хуҷанд ронандаеро ҷустуҷӯ дорад, ки баъд аз нимирӯзи 24-уми сентябр як сокини 59-солаи Ғончиро бо мошинааш зада куштаву аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Мақомот мегӯянд, Маҳмадназар Авазмаҳмадов, сокини ноҳияи Ғончӣ, барои дидорбинии хешовандонаш ба Хуҷанд омада, ҳангоми убури кӯчаи “Мир” дучори ин садама шудааст. Дар натиҷа, ба гуфтаи маъмурони пулис, косахонаи сари Авазмаҳмадов берун омада, дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.
Мақомоти пулис мегӯянд, аз рӯи пурсиши онҳо рӯшан шуда, ки ронанда мошини тамғаи “Опел” (рангаш нуқрафом) доштааст. “Ҷузъиёти аз ин бештаре дар дасти мо нест. Вале талош мекунем, ин нафарро пайдо намуда, иллатҳои садамаро ҳам дақиқ намоем”,-гуфт як маъмури пулис. Дар ҷои ҳодиса теъдоди зиёди сокинон ҳам гирд омада, ин саҳнаро аз наздик назорат мекарданд.
Аксҳо аз ҷои ҳодиса:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |