Додгоҳ аз Аскар Ҳаким 1050 сомонӣ талаб кардааст

Рӯзи 24-уми сентябр дар нахустин мулоқоти додгоҳии масъулини нашрияи “Самак” бо намояндагони шоир, Аскар Ҳаким, додрас аз Аскар Ҳаким 1050 сомонӣ боҷи давлатӣ талаб намудааст.
Дилшоди Абдулмаҷид, масъули ҳафтаномаи “Самак” дар суҳбат ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, додрас ба далели он, ки Аскар Ҳаким, даъвои рӯёнидани 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавиро пеш гузоштааст, талаб кард, ки аз рӯи қонун бояд ҷониби даъвогар дар ҳаҷми 0,7 фоиз ҳаққи даъворо супорад: “Махфиратҷон Азимова, додраси Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ талаб намуд, ки дар муддати 10 рӯз ҷониби Аскар Ҳаким ба буҷаи давлат 1050 сомонӣ боҷ супоранд ва танҳо баъд аз ин баррасси даъвои ӯ оғоз хоҳад шуд.”
Аскар Ҳаким, раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, рӯзи 6-уми июн аз болои нашрияи “Самак” ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикоят бурда, 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб намудааст. Ба гуфти Аскар Ҳаким ин нашрия матлабе, бо унвони “Зиёиёни бемушкили тоҷик”-ро 21-уми марти соли 2013 чоп карда, ба таҳқиру туҳмат ва паст задани шаъну шарафи ӯ роҳ додааст.
Аммо Иноят Иноятов, вакили мудофеи нашрияи “Самак”, даъвои шоир, Аскар Ҳакимро барои рӯёнидани 150 ҳазор сомонӣ аз ин нашрияро беасос дониста буд.
Иноятов ба “Озодагон” гуфта буд, ки “даъвои шоир Аскар Ҳаким барои маҳдуд кардани озодии сухан нигаронида шудааст. Мақолаи “Зиёиёни бе мушкили тоҷик” мақолаи таҳлилӣ-танқидӣ буда, дар он ягон иттилооти бардурӯғ ва пастзанандаи шаъну шараф вуҷуд надорад ва нашри он ба даъвогар ягон намуд зарари маънавӣ нарасондааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |