Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Баҳси бозори бимаи Тоҷикистон дар мулоқоти Ширинов бо Касеро

Имрӯз, 24 сентябр, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Палома Анос Касеро масъалаи ҳамкориро дар бахши назорати бонкӣ ва бозори молиявӣ баррасӣ кардаанд.
Тавре Хадамоти матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, ҷонибҳо аз ҷумла инкишоф ва назорати бозори суғуртаро баррасӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки бозори суғурта дар Тоҷикистон ояндадор арзёбӣ мешавад. Аз ҷумла дар гузориши ахир, зери унвони “Тадқиқот ва бозорҳо”, ки як манбаи муътамади иттилооти иқтисодӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, омодааст, “ҳаҷми бозори суғуртаи Тоҷикистон ҳамасола, аз 2008 то 2012-ум ба ҳисоби миёна 18,4 дарсад афзоиш ёфтааст, вале дар маҷмуъ ҳанӯз ҳам заиф аст ва дар соли 2012 ҳамагӣ 0,34 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар бар гирифтааст. “
Дар гузориш, ки дурнамои рушди бозори суғурта дар Тоҷикистон то соли 2017 таҳлил шудааст, пешбинӣ мешавад, ки ин бахш дар кишвар рушд хоҳад кард. Ба навиштаи гузороришгарон узвият дар СҶТ, беҳбуди фазои сармоягузорӣ, тавлиди маҳсулоти нав барои рушди суғурта мусоидат хоҳад кард.
Дар қатори монеаҳои рушди суғурта таҳлилгарон ҳамоно сатҳи баланди камбизоатӣ ва ба замони муосир мувофиқ набудани қонунгузории Тоҷикистон дар бахши суғуртаро номбар мекунад.
Гузоришгарон бо такя ба Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки ба ҳолати аввали соли 2012 дар кишвар 16 ширкати суғуртавӣ фаъолият мекунанд. Ин ширкатҳо хидматрасониҳои гуногун аз суғуртаи молу амвол то саломатӣ ва ҳаётро пешниҳод мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |