Ваъдаи Шоҳиён ба Бобоназарова дар як суҳбати телефонӣ

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИР) субҳи 24-уми сентябр бо Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мансаби президентӣ аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Бино ба иттилои расида, ин суҳбати телефонӣ дар пайи изҳороти ахири хонум Бобоназарова, ки аз фаъолияти номуассири КМИР ба унвони ниҳоди масъули баргузоркунандаи интихоботи президинетӣ интиқод мекард, сурат гирифтааст. Дар изҳороти номзади ИНИТ ҳамчунин аз поймол гардидани ҳуқуқи беш аз якуним миллион муҳоҷири корӣ, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, монеа ва мушкилоти ба таври сунъӣ эчодкардаи мақомоти ҳокимияти иҷроия дар навоҳӣ ва шаҳрҳо барои ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдорӣ аз номзад нигаронӣ мешуд.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР дар суҳбати телефонӣ ваъда додааст, ҳамаи мушкилоти мавҷуда роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Раиси КМИР аз хонум Бобоназарова хостааст, аъзои Гуруҳи ташаббускори номзад ба мансаби президентӣ барои ҷамъоварии имзоҳо ба таври мустақим бо кормандони КМИР дар робита ба мавридҳои хос дар маҳалҳо муроҷиат кунанд ва КМИР мушкил ва монеи пешомадаро саривақт ҳал хоҳад кард.
Ҷаноби Шоҳиён таъкид кардааст, тамоми камбуд ва мушкилоти пешомадаро ҳозиранд бартараф намоянд. Оқои Шоҳиён аз нашри изҳорот дар робита ба фаъолияти номуассири КМИР, ки аз тарафи номзад Бобоназарова пахш гардид, норозигӣ баён карда, афзудааст, на ҳама аз аъзои Гуруҳҳои ташаббускори номзад асноди лозимро дар ихтиёр доштаанд.
Хонуми Бобоназарова ҳам дар навбати худ бар дурустии нуқоти изҳороти нашрнамудааш таъкид намудааст. Номзад ба мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ИНИТ монеагузориҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар навоҳии кишварро як амали ҳисобшуда хонда ва аз раиси КМИР қотеъона тақозо кардааст, назорат ба раванди ин маъракаи сарнавиштсозро ба таври холисона ва бар пояи қонунҳои кишвар ва меъёрҳои байналмилалӣ бар роҳ монад. Хонум Бобоназарова бо ибрози нигаронии шадид таваҷҷуҳи раиси КМИР-ро ба ин нукта, ки наздик ба 10 рӯз аст, Гуруҳи ташаббускори ӯ наметавонад иҷозаи масъулини аксарияти навоҳии кишварро барои ҷамъоварии имзоҳои ҷонибдоронаш ба даст биёрад, ҷалб карда ва мусоидати ин ниҳодро дар амри ҳарчи зудтар бартараф кардани ин монеаи сунъӣ тақозо кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |