Зоиров барои исботи ноҳаққии Шоҳиён иттилои ФМС-ро нашр кард
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, иттилои тозаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия (ФМС)-ро овардааст, ки ноҳақ будани Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро нишон медиҳад.
Зоиров мегӯяд, Шоҳиён ноҳақ аст, вақте теъдоди муҳоҷирони тоҷикро дар Русия 800-900 ҳазор нафар мегӯяд ва барои исбот омори расмии ФМС –ро овардааст: “Тибқи иттилои ФМС ба ҳолати 2-юми сентябр дар қаламрави Русия расман 1 миллиону 229 ҳазору 324 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки аз ин 1 миллиону 52 ҳазору 295 мард ва 177 ҳазору 29 зан мебошанд ва аз ин беш аз 1 миллиону 100 ҳазор нафарашон ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд.”
Зоиров меафзояд, ба ғайр аз ин омор ҳастанд муҳоҷирони тоҷике, ки расман сабт нашудаанд ва теъдоди онҳо аз 200 то 400 ҳазор арзёбӣ мешавад. Зоиров инчунин аз шаҳрвандони дутабаа зикр карда, гуфтааст, шумораи тоҷикистониёне, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, аз 250 то 450 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад.
Раиси ҲСДТ бо зикри муҳоҷирон дар Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусия, Эрон, Украина ва дигар кишварҳо таъкид мекунад, ки айни ҳол ҳадди ақал беш аз 2 миллион интихобкунандаи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар қарор доранд, ки қариб нисфи интихобкунандагонро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол Зоиров қарори КМИР-ро, ки муҳоҷиронро ба раванди ҷамъоварии имзоҳо барои пешбарии номзад роҳ надодааст, зидди Сарқонун хонд.
Аммо масъулини КМИР қаблан эълон доштанд, ки дар Русия ҳудуди 800 ҳазор интихобкунанда аз Тоҷикистон қарор дорад ва то интихоботи президентӣ-6 ноябр бисёри онҳо ба Ватан хоҳанд баргашт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |