Бахшҳо
24 сен 2013 10:13Тоҷикистон / Акс

«Лона»-и бомжҳо дар наздикии Қасри президент ва Вазорати дифоъ (АКС)

Бештар аз як моҳ аст, ки истгоҳе дар наздикии Вазорати дифои Тоҷикистонро як гуруҳ бомжҳо ё афроди бехонаву дар макони худ қарор додаанд. Онҳо зоҳиран дар он ҷо шабро рӯз кардаву субҳи барвақт ба ҷои дигар мераванд ва шомгоҳон дубора ба “макони зисти худ” бармегарданд.

Баъзе аз роҳгузарон мегӯянд, ҳоло ин истгоҳ ба як маҳалли бадбӯй ва ахлотҷой табдил ёфтааст. Сабрина, як духтари ҷавон, мегӯяд, ҳар субҳ маҷбур аст, барои кор рафтан аз ин роҳ бигузарад. “Мо бо бомжҳо мушкиле надорем. Онҳо низ одаманд. Вале гап сари он аст, ки ё мақомот онҳоро аз маркази шаҳр бигиранд ва ё дар маҳалли дигар барояшон ҷой диҳанд. Истгоҳе, ки ҳоло инҳо меистанд, дар миёни Фурушгоҳи марказӣ, Вазорати дифоъ ва Театри Маяковскию наздикии Қасри президент ҷой гирифтааст. Магар ҷои шарм нест, ки як истгоҳи марказиро мо ба як ҷои бадбӯ табдил додаем?”,-гуфт ӯ.

Худи бомжҳо баробари дидани мо канор рафта, аслан суҳбат кардан нахостанд. Аммо яке аз онҳо дар ҳолати қаҳру ғазаб гуфт, дигар ҷои рафтан надоранд ва мо мехоҳем онҳоро аз ин ҷо ҳам пеш кунем. Мақомот то ҳол дар ин замина чизе нагуфта, ҳатто баъзеяшон аз ин вазъ изҳори беиттилоӣ мекунанд.

Хабарнигори “Озодагон” чанд аксе аз ин истгоҳу бомжҳо бардоштааст, ки дар ихтиёри Шумо мегузорем.


«Лона»-и бомжҳо дар наздикии Қасри президент ва Вазорати дифоъ (АКС)

«Лона»-и бомжҳо дар наздикии Қасри президент ва Вазорати дифоъ (АКС)

«Лона»-и бомжҳо дар наздикии Қасри президент ва Вазорати дифоъ (АКС)
Мӯҳр
Алон гузоришро хондаму дусти наздикам ба ёдам омад, ки мутассифона ба хамин одати овораги(бомжи) гирифтор аст. Албатта ин оворагон на аз руи зиндагии хуб ба ин хол мерасанд- набудани чои кор, чои истикомат, бепарасторию фартути, вале дар миёни инхо кам нестанд нафароне, ки имконияти бехтар кардани зиндагиашонро доранду, аммо ба ин тарзи зиндаги одат кардаанд. Худоё бошад, ки ин дусти бомжнамои мо, ки чанд мох кабл ба бемории "Зукоми мург" гирифтор шуда буд, шифо ёбаду аз ин холати сангин(яъне бомжи) барояд. Ба хар хол умед ба неки мебандем - поёни шаби сиях афед аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)