Тарҳи роҳи нави оҳан аз Русия ба Тоҷикистон ҳимоят ёфт
Масъалаи сохтмони роҳи нави оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон фардо, 25-уми сентябр дар Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳоди гумрукӣ ва дар сатҳи кишварҳои СПАД баррасӣ хоҳад шуд.
Дар ин бора мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи раисиҷумҳури Қирғизистон, Сафар Исҳоқов аз натиҷаи ҷаласаи СПАД дар Сочӣ хабар дода, афзудааст, ки дар ҷаласаи СПАД ин роҳ ҳимоят ёфтааст.
Ба гуфтаи Исоқов ин роҳи нав ташаббуси Қирғизистон буда, ба манофеи ҳамаи кишварҳост: “Тариқи ин роҳ имкон дорад дар оянда аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Эрон низ рафтуомад таъмин гардад. Имрӯз аллакай асоснокии техникию иқтисодии пешакии роҳи оҳан аз Русия то Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбист. Ин лоиҳа бисёр ҷиддист.”
Қаблан аз сохтмони ин роҳ Алмосбек Атамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон дар Белгия хабар дода буд, аммо он замон ӯ масири ин роҳро дақиқ нагуфта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |