Путин гуфт, “мо дар якҷоягӣ ба Тоҷикистон кумак мекунем”

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, гуфт, кишварҳои узви Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ дар якҷоягӣ барои ҳифзи марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон кумак хоҳанд кард. Оқои Путин ин ҳарфҳоро рӯзи 23-юми сентябр, баъд аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии кишварҳои узви СПАД ё ОДКБ дар Сочӣ, баён дошт.
Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад ва то соли 2004 онро марзбонҳои рус ҳифозат мекарданд. Ҳоло ин вазифа ба дӯши сарҳадбонони Тоҷикистон вогузор шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми суханронияш дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии кишварҳои узви ОДКБ аз вазъ дар марз бо Афғонистон изҳори ташвиш кард. Вай дар ҳоле ки ҳифзи марзи миёни Тоҷикистону Афғонистонро дар замон ва баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО дар соли 2014 яке аз масъалаҳои муҳим медонист, гуфт, “ба Шумо маълум аст, ки дар марз вазъ ҳамчунон мушкил боқӣ мондааст. Ба таври доимӣ кӯшишҳои ғайриқонунии аз марзи Тоҷикистон гузаштани гурӯҳҳои террористӣ ва маводи мухаддир вуҷуд дорад”.
Дар ҷаласаи рӯзи 23-юми сентябри ОДКБ сарони ҳамаи кишварҳои узв – Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон ҳузур доштанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, “дар ҷаласа, ҳамчунин дигар масоили вобаста ба таҳким ва густариши ҳамкории давлатҳои аъзои созмон баррасӣ шуда, як зумра қарорҳои муҳим қабул шуданд.”
Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ки аз соли 2002 ба ин ном фаъол аст, Русия, Қазоқистон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистонро муттаҳид мекунад. Дар гузашта Узбакистон ҳам яке аз муттаҳидони ин Эътилофи низомӣ буд, аммо бо норизоятӣ онро тарк кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |