Шоҳидии раиси ширкати “Ваbilon” дар бораи Зайд Саидов
Дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, то рӯзи 26-уми сентябри соли ҷорӣ таннафус эълон шудааст. Ин тасмимро рӯзи 23-юми сентябр додраси парванда бо даъвати айбдоркунандаи давлатӣ “барои омӯзиши ҷузъиёти бештари парванда” гирифтааст.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, ба “Озодагон” гуфт, дар мурофиаи рӯзи 23-юми сентябр се нафар ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ шудаанд, ки Беҳзод Файзуллоев – раиси ширкати Babilon яке аз онҳо будааст. “Беҳзод Файзуллоев дар робита ба моддаи марбут ба корхонаи “Тоҷикатлас” шоҳидӣ дод. Ҷузъиёти мурофиа ба далели мӯҳри махфӣ доштани парванда ифшо карда намешавад”,-гуфт Қудратов.
Мурофиаи Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябри соли ҷорӣ шурӯъ шуда, то кунун ашхосе ба монанди Низомхон Ҷӯраев, раиси корхонаи кимиёи Исфара; Сериқбол Окушев, соҳибкори қазоқ ва Далер Бобоев шоҳидӣ додаанд.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, баъд аз эълони тасмимаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуд. Мақомот ӯро дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам медонанд. Иттиҳомоте, ки Зайд Саидов ҳам дара ҷараёни тафтиши парванда ва ҳам дар толори додгоҳ тамоми онро рад кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |