Иттиҳоди мусалмонҳои Қазоқистон аз президент хост, маҳбусонро авф кунад
Иттиҳоди мусалмонҳои Қазоқистон ва Кумитаи мусалмонон оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ аз президент Нурсултон Назарбоев даъват кардаанд, ба муносибати Иди Қурбон маҳбусонро авф кунад.
Бино ба иттилои расонаҳои Қазоқистон, ин созмонҳо ҳамчунин пешниҳод кардаанд, авф ба як анъанаи умумимиллӣ табдил дода шавад.
Дар баёнияи Иттиҳоди мусалмонҳои Қазоқистон гуфта мешавад, ки бахшидан дар бештари маврид аз ҷазо дида муассиртар аст: "Таърих шоҳиди мисолҳои зиёде аст, ки раҳбарони дилкушод ҳатто рақибони сарсахти худро авф мекарданд. Муҷозотҳои сахт бошад, баръакс кишварро ба ҳолати хараҷу мараҷ мубтало мекунад".
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки «дар шароити мавҷуд набудани низоми судии мустақил ва фасод дар бахши пулис одамони зиёди бегуноҳе ба кунҷи зиндон меафтанд».
Иттиҳоди мусалмонҳои Қазоқистон ва Кумитаи мусалмонон оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ тақозо кардаанд, танҳо афроде авф шаванд, ки дар ҷиноятҳои вазнин даст надоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |