АКС: Исмоил Талбаков ҳам довталаби курсии президентӣ шуд

Вакилони Анҷумани сиюми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизбро, ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ карданд. 73 вакили Ҳизби коммунист, ки рӯзи 23-юми сентябр дар қароргоҳи ин ҳизб ҷамъ омада буданд, якдилона оқои Талбаковро номзади худ дар интихоботи президентии шашуми ноябр эълон карданд.
Аз ҷумла, Шодӣ Шабдолов – пешвои коммунистҳои Тоҷикистон Исмоил Талбаковро ба ҳайси номзади ҷавону арзанда муаррифӣ кард ва ҳамин тавр ба ӯ барои сабқат ва дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ роҳи сафед хост.
Исмоил Талбаков, ки айни ҳол узви Маҷлиси Намояндагон ва муовини раиси Ҳизби коммунист аст, барои бори дувум ба дарёфти курсии президентӣ вориди рақобат мешавад. Вай соли 2006 бо Эмомалӣ Раҳмон, Абдуҳалим Ғаффоров, Олим Бобев ва Амир Қароқулов вориди корзори интихоботи президентӣ шуда, аммо натавониста буд раъйи кофӣ ба даст биёварад.
Оқои Талбаков дар Анҷумани сиюми Ҳизби коммунист аз ҳамаи вакилон, аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизб барои эътимодашон ба ӯ изҳори сипос кард. Вай ваъда дод, ки дар ин роҳ ягон зарра ба бовари онҳо хиёнат нахоҳад кард.
Исмоил Талбаков моҳи марти соли 1955 дар ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик)-и вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Вай Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуда, дар вазифаҳои котиби аввали Кумитаи ҳизбии минтақавии ҲKT дар Кӯлоб ва котиби Кумити марказии ҲKT кор кардааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.Дар акс: Шодӣ Шабдолов (чап) ва Исмоил Талбаков (рост)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |